ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 30 – юмин солгарди Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси тантанавӣ роҳбарияти Хадамот, сардорони воҳидҳои сохторӣ, ҳамчунин иштирокчиёни бевоситаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамроқулов Худойқул Ҳамроқулович – собиқ Раиси Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Рафиқа Мусоева ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ҳузур доштанд.

Ҷамъомадро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, барои шарҳи бештари ин санаи таърихӣ сухан ба меҳмон, Рафиқа Мусоева дода шуд. Номбурда иброз дошт, ки баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд муҳимтарину муқаддастарин қадам дар роҳи рушди Истиқлолияти Ватан буд. Ин Иҷлосия ва асноди ҳуқуқии қабулнамудаи он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар давлат нақши муайянкунанда бозиданд.

Маҳз дар Иҷлосияи тақдирсози мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба уҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.

Яке аз вазифаҳои асосӣ ва муҳими Иҷлосия, дар радифи таъмини сулҳу субот ва амният, ин барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар буд. Дар ин робита, комиссия ба рӯзномаи иҷлосия бисту се масъаларо ворид намуд. Аз ҷумла, бозхонд кардани Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаршо Искандаров, баррасӣ намудани аризаи Раҳмон Набиев дар бораи ба истеъфо рафтан аз мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, авфи умум, таъсис додани Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо.

Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо мақсади муътадил гардонидани вазъи сиёсӣ ва ҷамъиятии мамлакат, дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид. Иҷлосия ду санади сарнавиштсози миллатро қабул намуд.

Дар навбати аввал Қарор «Дар бораи муроҷиатномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо ва тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ» қабул шуд, ки он ҳамагонро ба сулҳу салоҳ даъват менамуд. Санади дигар ин «Дар бораи рӯзи сулҳ ва ризоияти халқи Тоҷикистон эълон намудани 26 ноябри соли 1992» буд, ки мардумро ба тантанаи сулҳ умедвор сохт, - иброз дошт Рафика Мусоева.

Дар навбати худ, Худойқул Ҳамроқулов низ вобаста ба нақши иҷлосия дар сарнавишти миллатамон ибрози андеша намуд. Номбурда гуфт, дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши Миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дода, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд. Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ роҳбари худро пайдо намуд.

Номбурда афзуд, ки Иҷлосияи таърихии 16 - уми Шӯрои Олӣ ба раванди барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва ҳифзи арзишҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд оѓози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмию ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Баъдан, Каримзода Хуршед бори дигар миннатдории худро ба меҳмонон барои баргузории чунин як мулоқоти самимӣ баён намуда, барояшон хонаободию тансиҳатӣ, сарбаландӣ ва некномӣ таманно намуд.

Дар фарҷоми чорабини аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонон бо медали ҷашнии «30-солагии мақомоти гумрук» сарфароз гардонида шуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: