Санаи 12 октябри соли 2022, дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Миссияи Бонки Осиёии Рушд (БОР) бо иштироки cардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, Роҳбари департаменти нақлиёт ва коммуникатсияи Бонки Осиёии Рушд (БОР) - Хидеаки Ивасаки ва сармутахассис оид ба нақлиёти БОР – Олег Самухин бо мақсади муҳокимаи пешрафти лоиҳаҳои ҷорӣ ва кумаки техникӣ, инчунин лоиҳаҳои эҳтимолии оянда баргузор гардид.
Каримзода Хуршед, зимни суханронии худ қайд намуд, ки БОР яке аз шарикони асосии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, маҷмӯи умумии сармоягузории он беш аз 2,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва ин сармоягузорӣ дар соҳаи гумрук саҳми худро дорад.
Ҳамчунин, дар вохурӣ Лоиҳаҳое, ки бо маблағгузории БОР дар соҳаи гумрук амалӣ гардиданд, мавриди муҳокима қарор гирифт. Яке аз лоиҳаҳои муҳим, ин Лоиҳаи “Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хадамоти наздисарҳадӣ” мебошад, ки соли 2021 анҷом ёфт. Дар натиҷаи татбиқи Лоиҳа таҷдиди Дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон» дар шаҳри Исфара ва таъсис додани «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ» ба роҳ монда шуд, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти муҳим арзёбӣ мегардад.
Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Хадамоти гумрук тариқи рӯнамо маълумот оид ба соҳаҳои афзалиятноки гумрук ҷиҳати ҷалби сармоя ва навсозии мақомоти гумрук ба ҳозирин пешниҳод гардид.
Дар навбати худ, ҷаноби Хидеаки Ивасаки ба Хадамоти гумрук барои истиқболи самимӣ ва ҳамкориҳо изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки Бонки Осиёии Рушд барои дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти гумрукӣ омодагии хешро иброз менамояд.
Инчунин, гӯруҳи Миссияи БОР аз Дидбонгоҳи гумрукии “Дустӣ”-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода ва КВД “Маркази Равзаная ягона”-и назди Хадамоти гумрук, боздид намуд. Зимни вохӯрӣ, Роҳбари Миссия таассуроти мусбии худро аз иншоотҳои боздидшуда, бахусус фаъолияти самараноки равзанаи ягонаи миллӣ сарфи назар аз мураккабии татбиқи ин низом иброз дошт.
Дар ҷамъбаст, ҷаноби Хидеаки Ивасаки лоиҳаҳоеро, ки дар соҳаи гумрук амалӣ шуданд, баҳри рушди тиҷорат ва дар маҷмӯъ иқтисодиёти кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Дар фарҷоми вохурӣ, Каримзода Хуршед ба намояндагони Бонки Осиёии Рушд барои сармоягузории БОР дар рушди мақомоти гумрук миннатдории хешро баён карда, ҷиҳати мустаҳкам намудани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар амалигардонии лоиҳаҳои муштараки минбаъда изҳори итминон намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон