Санаи 4 октябри соли 2022 дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук бо иштироки Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, Дабири кулли Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (ЮНКТАД) хонум Ребекка Гринспен, намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, маросими оғози татбиқи “Системаи автоматикунонидашудаи АСИКУДА оид ба коркарди маълумоти гумрукӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни суханронии худ, Каримзода Хуршед қайд намуд, ки низоми мазкур дар доираи ҷузъи сеюми Марҳилаи чоруми Лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” амалӣ карда мешавад. Ҳамин тариқ, 22 июни соли 2022 Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (ЮНКТАД) барои татбиқи системаи АСИКУДА ба имзо расид.
Бояд қайд намуд, ки системаи идоракунии гумрукии дар болозикр гардида, фарогири аксарияти расмиёти савдои беруна буда, барои коркарди манифестҳо, декларатсияҳои бори гумрукӣ, баҳисобгирии амалиётҳои транзитӣ, интизорӣ, таҳиякунандаи маълумот оид ба савдо, ки ин маълумотҳо метавонад барои таҳлили иқтисодиёт ва омор, инчунин барои яқ қатор равандҳои дигари тиҷорат истифода гарданд.
Ҳамчунин, Хуршед Каримзода иброз намуд, ки татбиқи системаи АСИКУДА дар содагардонии савдо, инчунин дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди савдо, вусъат додани тиҷорати байналмилалӣ ва баланд бардоштани рейтинги сармоягузории кишвар дар оянда, нақши муҳим дорад. Дар навбати худ, Дабири кулли Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (ЮНКТАД) хонум Ребекка Гринспен атрофи масъалаҳои навсозии системаҳои гумрукӣ сухан намуда, қайд намуд, ки татбиқи системаи АСИКУДА дар 101 давлати ҷаҳон ба роҳ монда шуд.
Ребекка Гринспен ҳамчунин, доир ба имкониятҳое, ки истифодаи низоми нав барои мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меорад, аз ҷумла, коҳиши вақти барасмиятдарории гумрукӣ, рақамикунонии амалиёти гумрукӣ ва ҳамгироии имконоти пардохтҳои электронӣ, ибрози назар намуд.
Зимнан зикр гардид, ки ин талошҳо бахше аз стратегияи Тоҷикистон барои ба бозори ҷаҳонӣ боз кардани иқтисодаш ва ноил шудан ба тағйироти сохторӣ, бахусус дар соҳаи зерсохтори нақлиёт ва диверсификатсияи содирот мебошад.
Сипас, дар навбати худ Ҳамоҳангсози минтақавӣ ЮНКТАД - Дмитрий Годунов бо рӯнамо баромад намуда, қайд кард, ки татбиқи ислоҳоти гумрукӣ ва гузариш ба системаи АСИКУДА имкон медиҳад, ки дар сатҳи миллӣ системаи пурраи электронии идоракунии гумрукӣ ҷорӣ карда шавад. Ҷорӣ намудани системаи муосири гумрукӣ мутобиқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани шаффофият, беҳтар намудани назорати идоракунӣ ва афзоиши даромади гумрукӣ амалӣ мегардад.
Инчунин, аз номи Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷаноби Сатя Прасад Саху, мутахассис оид ба содагардонии расмиёти савдо суханронӣ намуд. Ҷаноби Сатя Прасад Саху изҳори умедворӣ кард, ки татбиқи системаи АСИКУДА ба ҳадафҳои Лоиҳаи БРАМОМ-4, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ ва рушди ҳамгироии минтақавӣ, инчунин масири таърихии Роҳи Абрешим ноил хоҳад шуд. Илова бар ин, қайд гардид, ки ислоҳоти институтсионалӣ ҷиҳати содагардонии расмиёти савдо ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда дар роҳи логистика ба даст оварда мешаванд. Бонки Умумиҷаҳонӣ умедвор аст, ки дар марҳилаи аввали татбиқи АСИКУДА, ҳамгироии Равзанаи ягонаи миллӣ бо стандартҳои байналмилалӣ тавассути ҷорӣ намудани модулҳои техникӣ ва таҳлили равандҳои тиҷорат имконпазир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи “БРАМОМ-4”, ки дар доираи он системаи “АСИКУДА” ҷорӣ карда мешавад, аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳони маблағгузорӣ гардидааст.
Дар анҷоми чорабинӣ, Каримзода Хуршед барои дастгирӣ дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, миннатдории худро ба Созмони Милали Муттаҳид ва Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ иброз намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон