4 октябри соли 2022 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар маҷлиси тантанавӣ роҳбарияти Хадамот, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсӣ, ҳамчунин шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назри Яздон ҳузур доштанд.
Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - майори хадамоти гумрук, Ҳурматзода Иззатулло Зариф ҳусни оғоз бахшида, аҳли толорро бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, сухани табрикотии Сардори Хадамоти гумрук, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмонро бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши ҳозирин намуд.
- Воқеан бақои забон барои ҳар миллат ва мақоми расмӣ пайдо кардани он барои миллатҳои соҳибдавлат неъмати бебаҳо ва арзишмандтарин атои қазо ба шумор меравад.
Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат мебошад.
Забони модарии мо донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумамонро дар худ нигоҳ дошта, таъриху фарҳанги камназири онро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом додаанд.
Решаҳои забони мо ба қарнҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд.
Солҳои бистуми асри гузашта, яъне дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо ҳассосу тақдирсоз забони мо расман номи «забони тоҷикӣ» - ро соҳиб шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид.
Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд.
Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд.
Осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар, ки ҳанӯз чандин аср пеш навишта шудаанд, имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва азизу гиромӣ мебошад.
Ин осори ҷовидонаро ҳар як фарзанди соҳибмаърифати миллат имрӯз ба осонӣ ва бе луғат мехонаду мефаҳмад.
22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон қонуни забон қабул гардида буд. Вале қисме аз муқаррарот ва меъёрҳои қонуне, ки дар замони сохти гузашта расмият ёфта буд, бо гузашти замон, яъне баъди бист соли амали он наметавонистанд талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи кишварро дар даврони соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолӣ пурра қонеъ гардонанд.
Аз ин лиҳоз, зарурат пеш омад, ки барои ҳифз ва рушди забони модариамон қонуни нави забон таҳия ва қабул карда шавад.
Бо ин мақсад, 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.
Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забонро муайян карда, дурнамои рушди онро дар замони истиқлоли давлатӣ - дар шароити дигаргуниҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба танзим медарорад. Яъне тавассути ин қонун забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва коргузориву муошират эътироф гардид.
Омӯхтану донистани ин забони ширину шоирона ва ғамхорӣ барои рушд ёфтану фарогир шудани он қарзи ҳар як фарди соҳибмаърифату бонангу номуси миллат ва тамоми соҳибзабонон мебошад.
Боиси ифтихори ворисон аст, ки забони тоҷикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик, аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров, ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст.
Бо ифтихори тамом метавон гуфт, ки дар амри бақову ҳастии миллат ва забони мо сулолаи некноми Сомониён нақши калидӣ дорад.
Ватанхоҳиву истиқлолталабии Сомониён сабаб гардид, ки забони тоҷикӣ дар рӯзгори давлатдории онҳо қудрату тавоноӣ ва рушду такомули беназиру бесобиқа пайдо кард ва барои поягузории адабиёту фарҳанги оламгир, ки таъсиру нуфуз ва анъанаҳои бузургаш то замони мо идома доранд, заминаи мусоид фароҳам овард.
Дурахши истеъдодҳои нотакрор, ба мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯмансури Дақиқӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абулқосими Унсурӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Шайх Саъдӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Мавлоно Ҷомӣ ва дигарон, ки ҳам дар шеъру адаб ва ҳам дар илму фан забони модарии моро барои ифодаи маъниҳои нозуки бадеӣ ва андешаҳои дақиқи илмӣ қудрату тавон бахшидаанд, аз баракати сулолаи Сомониён ба ҳисоб меравад.
Дар баробари ин, бо ҳидояти амирони фозили сомонӣ таълиф гардидани асарҳои зиёди диниву мазҳабӣ барои ба сифати забони дуюми олами ислом расмият пайдо кардан ва баъдан дар мақоми забони байналмилалӣ эътироф гардидани забони мо замина ва имкони мусоид фароҳам овард.
Забони тоҷикӣ дар таълифоти илмӣ собиқаи беш аз ҳазорсола дорад. Бузургтарин донишмандони мо - Абӯалӣ ибни Сино бо таълифи «Донишномаи Алоӣ» ва Абӯрайҳони Берунӣ бо таълифи «Китоб-ут-тафҳим» ва “Осор-ул-боқия” бунёдгузорони забони илмии тоҷикӣ ба шумор мераванд, ки ин анъанаи ватанхоҳона дар асрҳои баъдӣ аз тарафи донишмандони маъруф Насируддини Тӯсӣ, Умари Хайём ва то Аҳмади Дониш идома пайдо кард.
Дар замони мо тавоноиву қудрати ҳар забон дар баёни матолиби илмӣ ва ифодаи комили мафҳуму истилоҳоти илмҳои гуногун зоҳир мешавад ва бақову идомаи он низ ба доираи истифода ва корбурдаш дар илм вобаста аст.
Бинобар ин, моро лозим аст, ки барои ҳамқадами замон шудани забони давлатӣ ва бар пояи забони илм рушд кардани он дастҷамъона кӯшиш намоем.
Забони ҳар халқу миллат воқеан ойинаи рӯзгори миллат, расму ойин, суннату анъана ва донишу фарҳанги мардум мебошад.
Ба ин далел забон дар раванди таъсис ва шаклгирии давлати миллӣ ҳамчун унсури аввалин ва рукни бунёдии давлатдорӣ нақши ниҳоят муҳим ва сарнавиштсоз дорад.
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон омили муҳимтарини муттаҳидкунандаи миллат буд.
Ва мо ифтихор дорем, ки забони ноби модарии мо ин рисолати таърихӣ ва нақши тақдирсози худро дар замони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ низ иҷро карда истодааст.
Дар шароити пуртазоду печидаи ҷаҳони имрӯза офтоби бахти миллате тобон аст, ки истиқлоли комил дорад, сарнавишти давлат ва тақдири худро бо дасти худ менависаду месозад.
Шукрона бояд кард, ки чунин бахту иқболи баланд баъди ҳазор сол ба мо - тоҷикон бори дигар насиб гардид ва аз файзу баракати он давлати мо сиёсати худро дар қатори дигар кишварҳои олам мустақилона амалӣ карда истодааст.
Маҳз истиқлоли давлатӣ барои дурахши дигарбораи яке аз муқаддасоти миллии мо – забони тоҷикӣ ва рушду такомули он заминаи мусоид ва имкониятҳои фаровон муҳайё намуд.
Забони тоҷикӣ, дар навбати худ, ба сифати рукни муҳимми давлатдории миллӣ ваҳдату сарҷамъии миллати моро дар саросари кишвар таъмин сохт.
Имрӯз ҳам ин забон илҳомбахши фаъолияти ҳаррӯзаи мо буда, бунёдкориву созандагиҳои мардумамон дар ин забон таҷассум меёбанд ва ба оламиён муаррифӣ мешаванд.
Забони тоҷикӣ имрӯз дар мақоми расмиву давлатии худ на фақат дар коргузорӣ ва муоширати дохилӣ, балки дар робитаҳои хориҷиву байналмилалии мо низ васеъ истифода мегардад.
Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки дар Тоҷикистони мо забони миллат ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон гардидааст.
Ин забони қадиму асил сарвати бебаҳо ва аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мост.
Мо соҳибзабонон дар назди наслҳои фардо барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он масъулият дорем ва онро бояд ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ кунем ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода барем.
Қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем.
Бо ифтихору садоқат ба забони модарӣ, бори дигар шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан дар ҷодаи хизмат ба хотири ҳифз ва рушди забони давлатӣ барору комёбиҳо орзумандам.
Баъдан, аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук сарнозири Раёсати таҳлил ва омори гумрукӣ Шопулодова Анжела Игоревна, нозири калони Раёсати таъмини ҳуқуқӣ Мирзоева Ақлимо, сарнозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Пиров Мусаввӣ Исломович ва нозири Шуъбаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Хайридинзода Бадриддин ҷиҳати гиромидошт ва арҷгузорӣ ба Рӯзи забони давлатӣ маърӯза намуданд.
Тавре Шопулодова Анжела дар баромади худ дарҷ намуд, яке аз муқаддасоте, ки муаррифгари миллат асту моро бо ҷаҳониён мепайвандад, забон мебошад. Аз санаи қабул гардидани Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” сол то сол мавқеъ ва нуфузи он афзун гардида, ҷиҳати рушду инкишоф ва татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷиҳати пешгирии вайрон кардани он чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Зеро забон яке аз рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, нишони ҳастии миллату давлат шинохта шудаааст. Бояд қайд намуд, ки забони миллӣ симо ва пайкараи миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкар тавоно бошад. Забони миллӣ ҳамчун яке аз арзишҳои волои фарҳангӣ ҳисобида шуда, он ҳар сол бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Забон воситаи муомилот ва муоширати одамон аст. Донистани ин ё он забон ба кас имконият медиҳад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботҳои рӯзмарраи ҳаёт огаҳ гардад.
Дар ҳақиқат, забони тоҷикӣ ҳамчун мероси бузурги ниёгони некноми мо, ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.
Таърих исбот намудааст, ки ҳастии миллат ба ҳастии забони ӯ вобастааст ва ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз мегарданд.
Забони мо воситаи муқтадири сарҷамъии миллати мо ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд. Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад. Яъне бақои забон бақои миллат ва фанои забон фанои миллат аст, - иброз дошт А. Шопулодов.
Дар ҳамин росто, Мирзоева Ақлимо низ оид ба аҳамияти таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд кард, ки имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад.
Муҳимтар аз ҳама, имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст.
Забон хишти аввалини кохи миллат аст. Агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад.
Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад.
Набояд фаромӯш сохт, ки омӯзиши забон аз муҳити хонавода шурӯъ шуда, дар боғчаи бачагон, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва ниҳоят ҷомеа инкишоф меёбад. Дар ин раванд волидон, мураббияҳо, омӯзгорон нақши муассир доранд. Онҳо бояд муоширатро дар ҳама ҷо, хусусан ҷойҳои ҷамъиятӣ, бо забони адабии гуфтугӯйӣ ба роҳ монанд.
Ҳамчунин, Пиров Мусаввӣ зимни маърӯзаи хеш зикр намуданд, ки забони давлатӣ - ҳастии давлат ва ҳастии миллат аст ва ҳар яки мо бояд пайваста онро чун гавҳари чашм ҳифз намоем, барои рушди минбаъдаи он ва поку бегазанд нигоҳ доштани ин забони муқаддас мунтазам саъю талош варзем, то ки ҳар гуна унсурҳои номақбул вориди он нагарданд.
Шароити муосири бархӯрди тамаддунҳо ва омезиши фарҳангҳои гуногун моро вазифадор мекунад, ки дар қалбу зеҳни фарзандони хеш ва наврасону ҷавонон ҳисси эҳтиром ба забони модариро бедор намоем чун дар акси ҳол, забони миллӣ зери таъсири омилҳои гуногуни манфӣ метавонад мавриди ҳуҷуми унсурҳои бегона қарор гирифта, меъёрҳои адабии он халалдор гарданд ва дар ин маврид забон ҷойгоҳи аслии худро дар ҷомеа аз даст медиҳад ва ҳатто метавонад аз байн биравад.
Тибқи омори ЮНЕСКО, тақрибан нисфи забонҳои ҷаҳон зери хатари нобудӣ қарор доранд ва забоне мурда маҳсуб меёбад, ки дар он ду шарти асосӣ иҷро намегарданд:
Он дигар аз ҷониби донандагонаш истифода намешавад;
ин забон барои касе модарӣ нест.
Мо агар ба давлатҳои абарқудрат назар афканем, мушоҳида мекунем, ки масъалаи забон барои эшон масъалаи муҳим ва аввалиндараҷа мебошад, чунки ин давлатҳо бо истифода аз қудрату салоҳияти худ забонҳои худро ҷаҳонӣ кардаанд ва ғайр аз миллатҳои хеш боз дигар миллатҳо низ дар саросари олам онро истифода менамоянд ва ингуна забонҳо ҳамеша метавонанд пойдор бимонанд.
Муҳаббат ба забони модарӣ як ҷузъи муҳаббати Ватан аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донистани забони давлатиро нишони фарҳангдорӣ ва маърифатнокии ҳар як шахс маънидод карда, арз медорад, ки: «Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад».
Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар масъалаи ҳифзи забони давлатӣ Ҳукумати кишвар низ бетараф набуда, дар ин росто, нахуст ҷанбаҳои ҳуқуқиро муҳайё намуда, забони тоҷикиро дар Конститутсияи кишвар ба ҳайси забони давлатӣ эълон кард ва барои дар амал татбиқ намудани ин меъёрҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро 5-уми октябри соли 2009-ум таҳти №553 қабул намуд.
Маҳз талошҳои Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлат аст, ки забони тоҷикӣ мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кардааст ва имрӯзҳо аз минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ садо медиҳад, ки боиси сарфарозии ҳар яки мо тоҷикон мебошад.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимии дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад.
Албатта, мояи ифтихор аст, ки мо тоҷикон бо забони тоҷикӣ суҳбат мекунам ва ин забон чун мероси бузурги маънавӣ эътироф гашта, бо он шоирону нависандагони бузург ба монанди Рӯдакӣ, Ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Садриддини Айнӣ, ва дигарон асарҳо эҷод кардаанд.
Дар навбати худ, Хайридинзода Бадриддин низ ба муносибати гиромидошти Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд. Номбурда афзуд, забон муҳимтарин унсури ҳастии фарҳанг буда, нақши он дар будан ва шудани як миллат ниҳоят муҳим мебошад. Марги миллатҳо на аз фасодии иҷтимоиву иқтисодӣ ва низомӣ, балки аз заволи забони миллӣ оғоз мешавад. Аз ин рӯст, ки созмони ЮНЕСКО яке аз вазифаҳои худро ҳифзи забони модарии миллатҳо унвон кардааст. Ҳамчунин, дар тақвими ҷаҳон рӯзе бо хотири забон ихтисос ёфтааст, ки ҳадафи он ин аст, ки кишварҳо ва миллатҳо мутаваҷҷеҳи забони модарии худ шаванд ва барои посдории он заминаҳои мусоидро фароҳам оваранд.
Ишқ ба забони модарӣ монанди ишқ ба маҳбуб, ишқ ба модар ва ишқ ба зиндагӣ аст. Забони тоҷикӣ-форсӣ дар баробари он ки барои мо ҳамчун забони модарӣ арҷманд аст, инчунин ҳамчун забони илму фарҳанг дар минтақа ва ба ҳайси забони дуюми ҷаҳони Ислом аз мақому эътибори хосса бархурдор аст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат хоссатан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи забони модарӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бештар гардидааст.
Қабули як қатор қарору қонун ва барномаву стратегияҳои рушди забони миллӣ дар ин давра бозгӯи арҷгузорӣ ба фарҳанг ва забони тоҷикӣ мебошад.
Бо истифода аз фурсат Шумо ҳозирини гиромӣ ва тамоми тоҷикони рӯйи заминро ба ин рӯзи муқаддас шобшод мегӯям ва орзуи онро дорам, ки забони тоҷикӣ то ҳастии ҷаҳон пойдор ва миллати тоҷик ҳамеша муваффақу комгор бимонад.
Инчунин, шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назри Яздон суханронӣ намуда, миннатдории худро ба роҳбарияти мақомоти гумрук барои баргузории чунин як маҷлиси тантанавӣ изҳор сипос намуданд. Зимни суханронии хеш зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша муҳиммияти омӯзиши забони давлатӣ, гиромӣ доштани он ва дар раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо аз олудашавиву нобудшавӣ эмин нигоҳ доштан забони тоҷикиро пайваста таъкид мекунанд ва ин таъкидҳо наслҳои ояндаро вазифадор мекунад, ки ба фарҳангу маданият ва асолати забони худ арҷ гузорем ва онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ ҳифз намоем.
Боиси ифтихор аст, ки забони нобу шево ва шоиронаи тоҷикӣ ҳанӯз дар замони давлатдории Тоҳириён, Саффориён ва сипас Сомониён ҳамчун забони илмию адабӣ ва расмию коргузории вазоратхонаҳо шӯҳрат ёфта, бо ин забон дар Хуросону Мовароуннаҳр аввалин шеърҳову рисолаҳои илмӣ ва фалсафӣ эҷод гардидаанд. Беҳуда нест, ки забоншиносон ва олимони машҳури дунё забони модарии моро дар радифи забонҳои машҳури ҷаҳонӣ–англисӣ, фаронсавӣ ва итолиёвӣ яке аз ширинтарину шевотарин забонҳои олам шумурдаанд Аз замони ба даст овардани истиқлолият забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ дар умури сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ мақому мартаба пайдо карда дар соҳаҳои коргузориву эҷоди қонунҳо, илму маориф, фарҳанг ва робитаҳои дохиливу хориҷии кишвар ба таври густурда мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар интиҳо Муовини сардори Хадамоти гумрук Ҳурматзод Иззатулло Зариф бори дигар иштирокдорони маҷлиси тантанавиро бахшида ба ҷашни фархундаи миллӣ муборакбод намуда, дар кору рӯзгорашон бурдборӣ таманно намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон