Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 30 – юмин солгарди Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳимзода Умед Назаралӣ ва намояндаи ин ниҳод ширкат варзиданд.
Ҳамоишро Cардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Хуршед Абдураҳмон ҳусни оғоз бахшида, аҳли толорро бахшида ба 30 – юмин солгарди Илосияи тақдирсоз табрику таҳният намуданд. Зимни суханронии худ иброз доштанд, ки Иҷлосия дар сиёсатномаи миллати тоҷик саҳифаи беназир ва фарогир бо муҳимтарин ва арзишмандтарин асноди муосир ба шумор меравад.
-Баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд муҳимтарину муқаддастарин қадам дар роҳи рушди Истиқлолияти Ватан буд. Зеро баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ – 9 сентябри соли 1991 ва то баргузории ин чорабинӣ, давоми беш аз як сол, мардуми шарифи тоҷикро яъсу ноумедӣ аз Истиқлолият ва нобоварӣ ба фардои Тоҷикистон ҳамчун давлат фаро гирифта буданд, ки он лаҳзаҳо аз хотироти миллат ҳаргиз зудуда нахоҳанд шуд. Ин Иҷлосия ва асноди ҳуқуқии қабулнамудаи он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар давлат нақши муайянкунанда бозиданд, - зикр кард, Cардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамчунин, иброз гардид, ки маҳз дар Иҷлосияи тақдирсози мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба уҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид. Зеро дар рӯзи аввали ба вазифа шуруъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Баъдан, аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук сардори шуъбаи Раёсати таъмини ҳуқуқӣ Сафарзода Ҳусниддин, нозири калони Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ Зафари Саидқул ва нозири калони Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит Нигина Абдуллоева бахшида ба ин санаи фархунда ва нақши Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд.
Тавре Ҳусниддин Сафарзода дар баромади худ дарҷ намуд, яке аз вазифаҳои асосӣ ва муҳими Иҷлосия, дар радифи таъмини сулҳу субот ва амният, ин барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар буд. Дар ин робита, комиссия ба рӯзномаи иҷлосия бисту се масъаларо ворид намуд. Аз ҷумла, бозхонд кардани Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаршо Искандаров, баррасӣ намудани аризаи Раҳмон Набиев дар бораи ба истеъфо рафтан аз мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, авфи умум, таъсис додани Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо.
- Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо мақсади муътадил гардонидани вазъи сиёсӣ ва ҷамъиятии мамлакат, дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид. Иҷлосия ду санади сарнавиштсози миллатро қабул намуд. Дар навбати аввал Қарор «Дар бораи муроҷиатномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо ва тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ» қабул шуд, ки он ҳамагонро ба сулҳу салоҳ даъват менамуд. Санади дигар ин «Дар бораи рӯзи сулҳ ва ризоияти халқи Тоҷикистон эълон намудани 26 ноябри соли 1992» буд, ки мардумро ба тантанаи сулҳ умедвор сохт, - иброз дошт Ҳ. Сафарзода.
Дар ҳамин росто, Зафари Саидқул низ оид ба аҳамият ва баргузории ин иҷлосияи тақдирсоз суханронӣ намуда, гуфт, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ аз он ҷиҳат воқеаи таърихист, ки вай ба беҳокимиятии давлату ҷомеаи мо дар он рӯзҳои пурфоҷиа хотима бахшид ва ба саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин дохил гардид. Имрӯз бо гузашти айём бурду бохт, самараи неки Иҷлосияи мазкурро арзёбӣ намуда, ба хулоса омада метавонем, ки вай дар тамоми равандҳои инкишофи ҷомеа саҳми калон бозидааст.
Қайд гардид, ки маҳз Иҷлосияи 16 имконият фароҳам овард, ки дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000 то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.
Дар навбати худ, Нигина Абдуллоева низ вобаста ба нақши иҷлосия дар сарнавишти миллатамон ибрози андеша намуд. Номбурда гуфт, Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши Миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дода, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд. Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ роҳбари худро пайдо намуд.
Баъдан, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ суханронӣ намуда, миннатдории худро ба мақомоти гумрук барои баргузории чунин як ҳамоиши тантанавӣ байён намуданд. Зимни суханронии хеш зикр намуд, ки Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олӣ ба раванди барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва ҳифзи арзишҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмию ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.
Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони фаъоли мақомоти гумрук ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон