26 сентябри соли 2022, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми КФ "Истиқлол"-и Душанбе, ки бахшида ба Ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, оғоз гардид.
Бозиҳои аввали даври гурӯҳии Ҷоми «Истиқлол» - 2022 хеле ҷолиб баргузор шуданд. Дар ин давр дастаи футболи «Хадамоти гумрук» бар дастаи футболи «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе» бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард.
Маврид ба зикр аст, ки панҷуми мусобиқоти бонуфузи ҷумҳуриявӣ бо иштироки 26 даста, ки ба чаҳор зергурӯҳ тақсим шудаанд, шурӯъ шуда, бозиҳои даври якум дар зергурӯҳҳои «А» ва «Б» оғоз гардида, маросими ифтитоҳи расмии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми КФ "Истиқлол"-и Душанбе дар майдончаҳои хурди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки фонди ҷоизаи умумии мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб бо Ҷом, медал ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Барандаи ниҳоии мусобиқот 30 ҳазор сомонӣ дарёфт хоҳад кард. Барандаи медали биринҷӣ бо ҷоизаи пулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон