Print

Миссияи Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба тарҳрезии марҳилаи панҷуми Барномаи “БРАМОМ-5”

Аз gumruktjtjtj Қисмат: Рӯйдодҳои гумрукӣ Hits: 450

8 сентябри соли 2022 дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук вохӯрӣ бо иштироки Муовини cардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Шерализод Хуршед ва гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ барои тарҳрезии марҳилаи панҷуми Барномаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” (БРАМОМ-5) баргузор гардид.

 

Мақсади асосӣ ва самти афзалиятноки миссия муайян намудани ҷузъҳои умумии Лоиҳа, эҳтиёҷоти маблағгузорӣ, инчунин боздид аз маконҳои интихобгардида дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон мебошад.

Зимни вохӯрӣ, Шерализода Хуршед қайд намуд, ки сарфи назар аз суръати баланди рушди мақомоти гумрук дар доираи татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 имрӯз масъалаи мубрами навсозии инфрасохтор ва муҷаҳҳазгардонӣ бо воситаҳои техникии назорати гумрукии дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ мебошад.

Ҳамчунин қайд гардид, ки таъсис ва такмили ҷараёни ҳаракати нақлиёт ва содагардонии расмиёти савдо дар маҷмӯъ бидуни иштироки расмиёти гумрукӣ тасаввур кардан душвор аст. Аз ин лиҳоз, ворид намудани Хадамоти гумрук ба марҳилаи 5-уми Барномаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” ҷанбаи муҳими тарҳи умумии Лоиҳа мебошад.

Қобили зикр аст, ки имрӯз Хадамоти гумрук Лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Маркази”- ро дар доираи Созишномаи грантии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ, ки 17 майи соли 2021 ба имзо расидааст, амалӣ менамояд.

Лоиҳа ба навсозии системаи автоматикунонидашудаи гумрукӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва захираҳои кадрӣ, ҳамчунин муҷаҳҳаз намудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо воситаҳои техникии назорати гумрукӣ равона гардидааст.

Ҳамчунин, дар вохӯрии мазкур кормандони Раёсатҳои мутасадии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи амалисозии Лоиҳаи БРАМОМ ширкат варзиданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ ишора намуда, ҳамкориҳоро ҷиҳати мушаххас намудани самтҳои афзалиятноки соҳа ва тарҳрезии барномаҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ тақвият хоҳанд дод.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон