ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таҷлили 31 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Хадамоти гумрук

5 сентябри соли 2022 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 31 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони мақомот, инчунин, намоянда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

 

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенати хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, ворид намудани Парчами давлатиро ба маҷлисгоҳ амр намуд ва бо садо додани Суруди миллӣ маҷлиси тантанавиро бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода эълон кард.

Сипас, Хуршед Каримзода аҳли нишастро бо ин ҷашни пуршукӯҳи миллӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки “Давлатдории мо – тоҷикон дар ҷои хушку холӣ ба вуҷуд наомада, балки таърихи чандинҳазорсола дорад. Аз ин ҷост, ки тоҷикони озодаву озодипараст ҳамасола, сарфи назар аз вазъияту воқеият, ин Рӯзи муқаддасро дар Ватан ва ҳатто берун аз марз бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва қалбҳои пур аз меҳру садоқат таҷлил мекунанд.

Бояд қайд намуд, ки бори охир мардуми тамаддунофари тоҷик нашъаи давлатдориро дар аҳди Сомониён чашида буданд. Ва боиси сарфарозист, ки баъд аз ҳазор сол, яъне соли 1991, имкони таърихӣ фароҳам омад, ки тоҷикон соҳиби давлат ва шаъну шарафи миллӣ гардиданд.

Бо гузашти се даҳсола мо амиқан дарк кардем, ки Истиқлолият яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик буда, бо ҷонфидоӣ ва азхудгузаштагии Роҳбари давлат ба даст омадааст, ки имрӯз ҳифзи ин арзиши муқаддаси миллӣ вазифаи ҳар як тоҷики худогоҳу худшинос аст. Бо назардошти ин, сиёсатмадорони бузурги олам ва коршиносони низоъҳои байналмилалӣ Пешвои миллати моро ҳамчун «Меъмори сулҳ» эътироф кардаанд.

Бузургтарини дастовардҳои ҷумҳурӣ дар даврони истиқлолият барои мардуми тоҷик давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ, таъмини сулҳу суботи комил ва пойдории ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорист. Ин ҳама бо азму ирода ва заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омад.

Таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бумбасти комуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии кишвар, ки аҳамияти бузурги иҷтимоӣ ва иртиботиву иқтисодӣ доштанд, дар сархати барномаҳои ҳукуматӣ қарор гирифт, ки имрӯз самараҳои неки онро бо чашми худ мебинем.

Ба таъбири дигар, Истиқлолият, ки сарҷамъиву муттаҳидии миллати моро таъмин намуд, ба фазои орому амн, рушди бесобиқаи соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дар ин росто, ба бунёди иншоотҳои бузурги ҳаётан муҳим замина гузошт.

Бо вуҷуди мушкилоти зиёди солҳои гузашта, аз ҷумла буҳронҳои шадиди молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ дар робита ба бемории сироятии коронавирус мо муваффақ шудем, ки иқтисодиёти кишварро ба маҷрои рушди устувор равона созем.

Дар солҳои охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то ба 99 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт.

Ҳаҷми умумии даромади буҷет дар соли 2021 бошад, ба 28 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки дар он саҳми мақомоти гумрук бузург арзёбӣ мегардад. Махсусан дар ду соли охир, ки бемории сироятии COVID-19 ҷаҳонро фаро гирифтаву таъсири манфии он ба иқтисодиёти мамолики дунё назаррас гаштааст, мақомоти гумруки ҷумҳурӣ тавонистанд, ки аз нақшаҳои пешбинишудаи воридшавии пардохтҳои гумрукӣ садҳо миллион сомонӣ маблағҳои барзиёду иловагӣ ҷамъоварӣ намоянд.

Натиҷаи ҳамин заҳматҳо буд, ки дар ҷамъбасти фаъолияти соли гузашта ва нимсолаи якуми соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кори мақомот изҳори қаноатмандӣ карданд.

Чунин таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат аз мо-гумрукчиён масъулияти дучанд ва заҳматҳои арзишманд талаб мекунад, ки дар ин ҷода ман ба иродаи кормандони мақомот ва садоқати онҳо ба халқу Ватан итминони комил дорам.

Ҳоло мо метавонем бо ифтихору сарфарозӣ эълон кунем, ки дастовардҳои истиқлоли давлатӣ беназиранд.

Истиқлолу озодӣ, истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ ва ваҳдати миллӣ роҳи моро ба сӯи амалӣ гардонидани дигаргуниҳои бунёдии ҷамъиятиву сиёсӣ боз намуд.

То имрӯз давлати мо бо зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатиро роҳандозӣ намуда, бо онҳо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро тақвият мебахшад ва пайгирона густариш медиҳад”, - таъкид дошт Хуршед Каримзода.

Муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ дар навбати худ ҳозиринро бо ин санаи муқаддас таҳният гуфта, қайд намуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол кишвари сулҳхоҳ аст ва моро зарур аст, ки баҳри ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлол ҳамеша омода бошем. Зеро таърих собит намудааст, ки ба даст овардани Истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад ва ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои Истиқлолият кори аз он ҳам душвор аст. Таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ҳимояи манфиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва ҳифзи якпорчагии он самти афзалятноки фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад.

Сипас, Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду нафар корманди Хадамоти гумрукро бо медали Хизмати шоиста сарфарз гардониданд.

Ёдовар мешавем, ки санаи 30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ нафар кормандони Хадамоти гумрукро бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардониданд.

Гумрукчиёни ҷавон, аз қабили нозири Шуъбаи иттилоотӣ, Бунафша Раҳмонова, нозири Шуъбаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ, Хайридинзода Бадриддин Амридин ва Фаррух Ҳалимов, сардори Кафедраи иқтисодиёт-ҳуқуқ ва фаннҳои махсуси Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук дар навбати худ оид ба моҳияти таърихиву сиёсии ин ҷашни давлатӣ ибрози назар намуданд.

Сипас, дар асоси фармоиши Хадамоти гумрук як қатор кормандон барои иҷрои софдилонаи ӯҳдадориoои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои баланд дар фаъолияти хизматӣ ва ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо нишони сарисинагии «Аълочии хадамоти гумрук», бо медали ҷашнии «30-солагии мақомоти гумрук», «Ифтихорнома», «Раҳматнома» ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ, Хуршед Каримзода бори дигар ҳамаи кормандони Хадамоти гумрукро ба муносибати фарорасии солгарди навбатии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди Тоҷикистони азиз тандурустӣ, ободии хонадон ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиши пойдор ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун таманно намуд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: