ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Хадамоти гумрук оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ чорабинӣ баргузор гардид

19 августи соли 2022 дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф, роҳбарият ва ҳайати шахсӣ чорабинӣ вобаста ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ баргузор гардид.

 

Зимни суханронӣ Муовини сардори Хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф иброз дошт, ки чорабинӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ гардида, мақсад аз чорабинии мазкур омӯзиши моҳият, мазмун, тарзу усул ва роҳҳои самаранок таъмин намудани талаботи ин барномаи зиддикоррупсионӣ маҳсуб меёбад.

Сипас, сарнозири Раёсати хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, подколковники адлия, Насимӣ Алишер Қаҳҳор доир ба бартараф намудани камбудиҳое, ки дар рафти гузаронидани азнавтаҳлилкунӣ ва азнавбаҳодиҳии фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ва санҷиши ҳолати иҷрои «Стратегия давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Ёдрас мекунем, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар самти коррупсия пешгирифта то давраи қабули «Стратегия давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)», дар миқёси кишвар ду маротиба барномаи зиддикоррупсионии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 «Стратегияи муқовимат ва коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул карда шудаанд, ки аз талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати решакан намудани ин падидади номатлуб гувоҳӣ медиҳанд.

Дар идома, инчунин, оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содир намудани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда низ ибрози назар карда шуд.

Қайд гардид, ки хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти гумрукрро мебояд, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматияшон аз хавфҳои коррупсионӣ пешгирӣ намуда, ба он роҳ надиҳанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаҳони мутамаддини имрӯза бошад, коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва ғайра ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтаст ва тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳуротро гиранд.

Дар ин росто фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат бар зидди он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст.

Метавон гуфт, ки коррупсия яке аз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯзи ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, пешгирии он омӯзиши ҷиддӣ, муносибати махсус ва муқобилияти дастаҷамъонаро талаб менамояд. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ, муборизаи ҳамагониро бар зидди амалҳои номатлуби коррупсионӣ таъкид карда, решакан намудани ин падидаи номатлуби ҷомеаро қарзи шаҳрвандӣ ҳар як фарди баору номус меҳисобанд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: