ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаррифии таҳрири нави Кодекси андоз дар Хадамоти гумрук

Дар маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати шахсии кормандони Дастгоҳи марказӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат баргузор карда шуд.

 

Дар кори он намояндагони Кумитаи андоз, муовини сардори Раёсати қонунгузорӣ – Собир Вазиров, сардори шуъбаи Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон – Обиди Муҳаммадсаид ва мутахассиси пешбари Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон - Шоҳруххон Ҳусайнов ширкат варзида, оид ба тағйиротҳо ба таҳрири нави Кодекси андоз суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, пеш аз ҳама, ба боз ҳам беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, фароҳам овардани фазои муносиби андозбандӣ ва ҷалби сармоягузориҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин, таҳкими иқтидори саноативу содиротии кишвар ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ нигаронида шудааст. Мақсади асосии таҳия ва қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав ҳавасманд намудан ва фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ гуфта шуд.

Дар санади мазкур аввалин маротиба принсипҳои андозбандӣ, аз ҷумла принсипи ягонагии системаи андоз, адолати андозӣ, муайянӣ ва мушаххасии андозбандӣ, шаффофияти қонунгузорӣ, мусоидат ба рушди иқтисодиёт, эътимоднокӣ ба мақомоти андоз, дар боби алоҳида пешбинӣ шудааст. Инчунин, бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва сармоягузорон, сарфаи вақт ва кам кардани хароҷоти онҳо вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, кам намудани ташрифи кормандони мақомоти андоз ба фаъолияти андозсупорандагон ва халалдор насохтани фаъолияти онҳо, дар Кодекси андози нав пешбинӣ гардидааст.

Намояндагони Кумитаи андоз иброз доштанд, ки дар Кодекси андоз дар таҳрири нав имтиёзҳои андозии амалкунанда нигоҳ дошта шуда, ҳамзамон, дар он ҷиҳати таъмини рақобатпазирии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим, таъмини шаффофияти фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ ва дар ин замина, коҳиш додани сатҳи иқтисодиёти ғайрирасмӣ ва зиёд намдуани даромадҳои буҷети давлатӣ, ҳамоҳанг намудани меъёри андозҳо бо давлатҳои ҳамсоя ва шарикони асосии тиҷоратии кишвар нисбат ба меъёрҳои андозҳо бознигарӣ шуда, як қатор имтиёзҳо ва сабукиҳои иловагӣ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз номгӯи андозҳо хориҷ гардида, андози фоида бо андози даромад ва андоз аз воситаи нақлиёт бо андозҳо аз молу мулк муттаҳид гардидааст.

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла зиёд намудани музди меҳнат, таъмини шаффофият дар ин раванд, ҳадди даромади аз андозбандӣ озоди шахсони воқеӣ барои ҳар моҳи тақвимӣ аз як нишондиҳанда то ба ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд гардида, меъёрҳои андози даромади шахсони воқеӣ, ки 8 ва 13 дарсадро ташкил медод, бо меъёри 12 дарсад иваз гардидааст.

Дар фарҷоми семинар – машварат зикр шуд, ки бо мақсади ба шаҳрвандон, мутахассисон ва андозсупорандагон фаҳмондани муқаррароти Кодекси нави андоз нақшаи чорабиниҳо қабул гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад. Ҳамчунин, барои дарёфти маълумоти бештар оид ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав шаҳрвандон метавонанд ба маркази тамоси Кумитаи мазкур бо рақами содакардашудаи 151 ва сомонаи Кумитаи андоз муроҷиат намоянд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: