Print

Вохӯрии Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук бо ҳайати намояндагони миссияи блоки Хазинаи аврупоии муътадилгардонӣ ва тараққиёт

Аз gumruktjtjtj Қисмат: Рӯйдодҳои гумрукӣ Hits: 500

20 июли соли 2022 ҳайати намояндагони миссияи блоки Хазинаи аврупоии муътадилгардонӣ ва тараққиёт (ХАМТ) ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар ба ҳузур пазируфт. Ҳайати мазкурро ҷаноби Костанян Тигран Рафикович — директори гурӯҳи лоиҳакашии қарзҳои молиявӣ роҳбарӣ намуд.

 

Ҳадафи вохӯрии мазкур, ин гузаронидани мониторинги мунтазами макроиқтисодӣ ва баррасии барномаи эҳтимолии дастгирии буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Хазинаи аврупоии мӯътадилсозӣ ва рушд буда, инчунин, ҷонибҳо барномаи болозикрро, ки барои солҳои 2023-2025 пешбинӣ шудааст мавриди баррасӣ қарор дода, имтиёзҳои пешбинишуда дар самти фаъолияти гумрукиро муҳокима намуданд.

Змини мулоқот, ҳамчунин доир ба арзёбии таъсири Кодекси нави андоз дар самти пардохтҳо ва даромадҳои андозӣ ва гумрукӣ барои солҳои 2022-2025, тартиби таҳияи методологияи баҳодиҳии самаранокии имтиёзҳои нав ва амалкунандаи андоз ва гумрук, инчунин тартиби таҳияи рӯйхати имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ табодули назар сурат гирифт.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ ишора намуда, ҳамкориҳоро ҷиҳати мушаххас намудани самтҳои афзалиятноки соҳа ва тарҳрезии барномаҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ тақвият хоҳанд дод.

Инчунин, дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи таҳлили макроиқтисодӣ ва статистика Цукарев Тарас Владимирович, мушовири блоки лоиҳаҳои блоки ХАМТ Улатов Сергей Игоревич, сармутахассис Баклажанский Ярослав Георгиевич, мутахассиси пешбар Арутюнян Лиана Мурадовна, ҷонишини сардори Раёсат - сардори шуъбаи Раёсати бюджети давлатӣ Шарифов Хисрав, муовини сардори Раёсти батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ Арабов Тимур Собирович, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Маҳмадҷонов Манучеҳр Додарҷонович, муовини сардори Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит Ёрмаҳмадзода Комёр, сарнозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Бадалов Аҳмад Муҳамадалиевич ва намояндагони Вазорати молия низ ширкат варзиданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон