ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Хадамоти гумрук бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мулоқот доир шуд

Имрӯз бахшида ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Тунсунзода Азим Ҳайдар, сардори Раёсати таъмини иттилоотии Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов ва ҳайати шахсӣ иштирок намуданд.

 

Ҷаласаро Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Тунсунзода Азим Ҳайдар ифтитоҳ намуда, ҳайати шахсии Хадамоти гумрукро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфт. Зимни суханронӣ мавсуф иброз дошт, ки “...ин санаи муборак раванди шаклгирии таҳаввулоти минбаъдаи мамлакати моро дигаргун сохт, умеду орзуи мардум ва ҷомеаи ҷаҳониро ба фардои нек, ба сулҳу ваҳдат ва созандагиҳо дар Тоҷикистон бедор кард.

Зикр кардан ба маврид аст, ки раванди ба вуҷуд овардани боварии тарафайн ва гирифтани пеши роҳи дахолати бегонагон заҳмати шабонарӯзӣ ва фидокориву ҷуръати махсусро талаб мекард, ки ба бахти миллат Сарвари сазовораш дорои чунин хислатҳои олӣ буданд.

Ифтихори ватандорӣ, дурандешӣ, қотеияту матонат ва ҳисси баланди масъулият ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар роҳи хотима бахшидан ба низоъ ва хусумати дохилӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати ростин миёни мардуми кишвар комёб гарданд.

Роҳ ба сӯи созандагӣ ва шукуфоии Тоҷикистони азиз боз шуд, душвориҳо пушти сар гаштанду гавҳари мақсуд ба даст омад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд бо иродаи мустаҳками сиёсӣ ва тинати ватандӯстона ҷиҳати таҳкиму таъмини сулҳу субот дар як минтақаи ҷангдидаву харобгашта созишу ризоияти тоҷиконро фароҳам оваранд. Бо шарофати Сарвари оқил сулҳу субот дар Тоҷикистон пойдор ва тоҷикон соҳиби ғояи миллӣ гардиданд, ки онро Ваҳдат унвон аст.

Ин таҷрибаи нодири сулҳофарӣ, ки дар қиёс ба таърихи дигар ҷангҳои шаҳрвандии ҷаҳонӣ дар фурсати кӯтоҳтарин ба даст омад, маҳаки омӯзиши на танҳо созмонҳои байналмилалӣ, балки аз сӯи бисёр доираҳои сиёсӣ ба хотири татбиқ дар дигар минтақаҳои ошӯбзада мавриди таҳқиқ қарор гирифт.

Воқеан ҳам, сулҳи тоҷикон бо пойдориаш беҳтарин таҷриба ва арзишмандтарин дастоварди ҷомеаи башарӣ дониста мешавад, ки ба даргириҳои дохилии панҷсола хотима бахшид ва раванди шаклгирии таҳаввулоти минбаъдаро дар тамоми арсаҳои ҳаёт оғоз кард.

Ваҳдати миллӣ дар радифи Истиқлолияти давлатӣ, Ватан ва Модар арзишмандтарину муқаддастарин дороии мардуми мо ба ҳисоб рафта, омили суботу осоиш дар ҳама гуна давлат ва гарави пешрафту шукуфоии он ба шумор меравад. Муваффақиятҳое, ки кишвари мо зимни солҳои соҳибистиқлолӣ ба даст овардааст, гувоҳи равшани гуфтаҳои болоанд.

Ҳолатҳои имрӯзаи ҷаҳон моро водор месозад, ки ба таълиму тарбияи ҷавононамон диққати боз ҳам бештар диҳем. Эҳсосоти худшиносию ватандӯстии онҳоро тавассути донишу маърифат тақвият бахшем, ваҳдатамонро, ки дастоварди беназири миллат аст, ҷовидон устувору пойбарҷо нигоҳ дорем.

Бо шукргузорӣ аз заҳмату ҷоннисориҳои Пешвои миллат ва шодмонӣ ҳамасола Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Дар баробари ин, ҳама бояд ба қадри истиқлолият, ваҳдат, сулҳ бирасем ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем, ки андак ғафлат, беэътиборӣ, носипосӣ, қадрношиносӣ ба дастовардҳои беназирамон халал ворид месозад. Ба таъкиди Сарвари давлат зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Моро мебояд, ки дар атрофи Пешвои миллатамон бо боварӣ ва эътимоди комил ҷамъ бошем. Танҳо дар ин сурат ҳамаи нақшаҳои муғризонаи душманону хоинонро барҳам зада, сулҳу ваҳдатамонро пойдортар карда метавонем...”

Сардори Раёсати таъмини иттилоотии Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло доир ба муҳимияти ба даст овардани ваҳдати миллӣ, арзишмандии он дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик, амалӣ гардидани ормонҳои миллати тоҷик, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, ибрози андеша намуд.

Дар идома миёни кормандону сардори Раёсати таъмини иттилоотии Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов табодули афкор сурат гирифт.

Дар фарҷом Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Азим Тунсунзода бори дигар аҳли нишастро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, барояшон хонаободию тансиҳатӣ, сарбаландию некномӣ ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияташон муваффақиятҳо таманно намуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: