ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мулоқоти Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд тавассути видеоконфронс баргузор гардид

21 июни соли 2022 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муовини якуми cардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар ва намояндагони Бонки Осиёии Рушд вохӯрӣ тариқи маҷозӣ баргузор гардид.

 

Турсунзода Азим Ҳайдар қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмўъ барои солҳои 2013-2021 бо аксари кишварҳои аъзои ҲИМОМ дар савдои хориҷӣ тамоюли мусбат мушоҳида карда мешавад. Аз ҷумла, бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон савдои хориҷӣ 21 маротиб афзуд. Дар ин замина, таваҷҷуҳ оид ба таҷдиди сохтмони иншоот ва таҷҳизонидани гузаргоҳҳои асосии сарҳадии кишвар бо таҷҳизоти муосири техникӣ равона гардид.

Бояд қайд намуд, ки Раёсати арзёбии мустақил дастгирии Бонки Осиёии Рушд дар ҳошияи Барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ)-ро арзёбӣ менамояд.

Амалишавии Лоиҳаи “Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хадамоти наздисарҳадӣ” тибқи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд, 24-уми апрели соли 2013 ба имзо расида буд. Ҳадаф ва вазифаҳои Лоиҳа – ноил гардидан ба фаъолияти пешрафта, пешгӯишаванда ва манфиатноку сарфакоронаи байнисарҳадии нақлиётию тиҷоратӣ дар давлатҳои ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ мебошад.

Лоиҳаи “Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хадамоти наздисарҳадӣ”, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ гардида буд, санаи 31 декабри соли 2021 пурра ба анҷом расид. Таъсиси низоми “Равзанаи ягона миллӣ” барои ислоҳоти инкишофи иқтисодиёти рақамии кишвар аҳамияти хоса дошта, низоми мазкур бо мақсади содагардонии бақайдгирии расмиёти содироту воридот ва транзит таҳия гардида, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2021, №410 бо иштироки 11 вазорату идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2020, расман мавриди истифода қарор гирифт.

Ҳамчунин, дар вохӯрии маҷозӣ мазкур кормандони Раёсатҳои дахлдори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: