ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук бо Сафир - ҳамоҳангсози фаъолиятҳои иқтисодӣ ва экологии САҲА

8 июни соли 2022 дар Хадамоти гумрук Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар бо Игли Ҳасани Сафир - ҳамоҳангсози фаъолиятҳои иқтисодӣ ва экологии САҲА вохӯрӣ намуд.

 

Дар рафти мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории Хадамоти гумруку Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баррасӣ гардид.

Муовини сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар иброз доштанд, ки Хадамоти гумрук нақши Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро дар таъмини сулҳу субот, амният ва рафоҳати фарогир дар паҳнои он муҳим арзёбӣ менамояд.

Таъкид гардид, ки иштироки Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар маблағгузорӣ самтҳои гуногуни маъмурияти соҳаи гумрук гувоҳи таваҷҷуҳи пайвастаи Созмон ба ин масъалаҳои мубрам мебошад.

Ҷонибҳо масоили густариши ҳамкориҳоро дар самтҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, такмили ихтисоси кормандони Хадамоти гумрук ва муҷаҳҳаз гардонидани толори таълимӣ бо технологияҳои муосири рақамӣ муҳокима карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромарзии муташаккил ва истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон табодули андеша карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо гуфтугӯ сурат гирифт.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳоро барои соли 2022 пешбинӣ намуда, масъалаи гузаронидани арзёбии иқтидори малакаи касбии кормандони гумрук барои таҳияи модули нави таълимӣ, таҳияи саволҳои имтиҳонӣ барои брокерони гумрукӣ ва кормандони нав ба кор қабулшаванда дар мақомоти гумрук ва таҳлили муштарак бо Созмони умумиҷаҳонии гумрук (СУГ) дар робита ба Конвенсияи аз нав дида баромадашудаи Киоторо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.

Дар фарҷоми мулоқот, ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ ишора намуда, ҳамкориҳоро ҷиҳати мушаххас намудани самтҳои афзалиятноки соҳа ва тарҳрезии барномаҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ тақвият хоҳанд дод.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе аз соли 2011 инҷониб беш аз 300 нафар кормандони мақомоти гумрук дар курсҳои гуногуни Коллеҷи САҲА ба таълим фаро гирифта шуда, аз таҷрибаи байналмилалӣ дар самтҳои фаъолияти гумрукӣ ва ҳифзи сарҳадӣ бархурдор гашта, бо шаҳодатномаҳои байналмилалӣ сарфароз гардида шуда, инчунин дар доираи «Барномаи миёнамӯҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» толори нав бо технологияҳои муосири рақамӣ муҷаҳҳазгардонидашуда, ҳамчун кумаки бебозгашт ба Хадамоти гумрук тақдим шудааст.

Дар вохӯрии мазкур инчунин, Филиппо Кривелларо - мушовири иқтисодии Дафтари барномаи САҲА дар Душанбе, Нураддин Муршудлу - мушовори барномавии блоки иқтисодии Дафтари баронмаи САҲА дар Душанбе, Санавбар Гурукова - Намояндаи Дафтари барномаи САҲА дар Душанбе, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Мирзошоева Сулҳия Ҳошимовна ва сарнозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Бадалов Аҳмад Муҳамадалиевич иштирок намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: