31 майи соли 2022 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи навбатии марҳилаи чоруми Барномаи беҳбудии робитаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар зимни суханрони худ, Муҳаммад Зулфиқор Аҳмадро бо оғози фаъолияташ ба ҳайси роҳбари гурӯҳи лоиҳа табрик намуда, изҳор намуд, ки лоиҳаи оғозшуда дар барномаи навсозии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири назаррас хоҳад дошт.
Инчунин, Турсунзода А.Ҳ. изҳори умедворӣ намуд, ки талошҳои муштарак боиси бомуваффақият ва саривақтӣ амалӣ шудани Қисмати 3-и лоиҳа хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар чаҳорчӯби ин Кисмат самтҳои асосии фаъолият, аз қабили таҷдиди платформаи иттилоотию коммуникатсионии гумрукӣ, расонидани дастгирӣ дар таъмини таҷҳизоти техникӣ, ки тавассути он дар сарҳад назорати ҳамлу нақли бор ва мусофирон анҷом дода мешавад, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва захираҳои инсонӣ дар мақомоти гумрук мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар фарҷоми мулоқот Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Турсунзода А. Ҳ. ва роҳбари гурӯҳи лоиҳа Муҳаммад З.А. ҳозиринро баҳри иҷрои бомуваффакияти нақшаҳои миссия даъват намуданд.
Ҳамчунин, дар вохӯрии мутахасисони гурӯҳи кории Бонки Ҷаҳонӣ, кормандони масъули Хадамоти гумрук ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳа иштирок намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон