Print

Вохӯрии Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук бо ҳайти намояндагони БОМКА 10

Аз Муаллиф Қисмат: Рӯйдодҳои гумрукӣ Hits: 89

17 майи соли 2022 дар Хадамоти гумрук, Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар Муовини директори генералии Хадамоти даромадҳои давлатии Латвия Раймондс Зукулс ва ҳайати расмии барномаи БОМКА 10-ро ба ҳузур пазируфт.

 

Дар мулоқоти мазкур дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба байни тарафҳо дар самти баланд бардоштани савияи дониши кормандон, таъмини амният, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ, содагардонии расмиёти савдо ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамчунин, баҳри рушд ва тақвият бахшидани фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба фаъолияти гумрукӣ дар назди мақомоти гумрук ҷонибҳо доир ба тартиби таъсис, принсипҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳо, тартиби аъзо шудан ва баромадан аз Шӯро ва дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули афкор намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади татбиқи банди 14 моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008 Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Шӯрои мазкур дорои мақоми машваратӣ – ҷамъиятӣ буда, дар асоси ҳамкории созандаи мақомоти гумрук ва доираҳои соҳибкорони Тоҷикистон, ҷиҳати рушди фаъолияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, мукаммал гардонии сохтори амалиёти содиротию воридотӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ амал менамояд.

Ба ҳайати Шӯро намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия ва доираҳои соҳибкорон шомиланд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо бори дигар омодагии худро ҷиҳати мушаххас намудани самтҳои афзалиятноки соҳа ва тарҳезии барномаҳои дар пешистода иброз намуда, дар масъалаи Шӯрои машваратии болозикр гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд ва пас аз вохӯрии мазкур оид ба фаъолияти Шӯрои машваратӣ мизи мудаввар доир гардида, дар он кормандони мутасаддии раёсатҳои дахлдори дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ширкат варзиданд.

Инчунин, дар вохӯрии мазкур, сардори шуъбаи расмиёти барасмиятдарории гумрукии Раёсати миллии гумрукии Хадамоти даромадҳои давлатии Латвия- Ирена Кнока, мушовири техникии Барномаи БОМКА 10 барои Тоҷикистон ва Афғонистон-Игор Апокинс, ҳамоҳангсози Барномаи БОМКА 10 дар Тоҷикистон-Мустафо Мамадназаров, сардори Раёсати Ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ-Мирзошоева Сулҳия, муовини сардори Раёсати Ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ-Маҳмадҷонов Мануҷеҳр Додарҷонович, муовини сардори Раёсати ташкили назорати гумурукӣ- Асоев Баҳриддин, муовини сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ- Арабов Тимур, муовини Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ- Шерали Парвиз Мастон, сарнозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ - Бадалов Аҳмад иштирок намуданд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон