Print

Дар Хадамоти гумрук оид ба мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд

Аз Муаллиф Қисмат: Рӯйдодҳои гумрукӣ Hits: 153

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуда, дар он муовини сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия, н.и.ҳ., Насрутдинзода Қаёмуддин Шовалӣ ва сарнозири ҳамин раёсат, подполковники адлия, Носирӣ Алишер ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук, Муродиён Абдумумин Раҷабзод иброз дошт, ки вохӯрӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) амалӣ гардида, таъсиси ниҳоди махсусгардонидашуда — Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия мебошад.

Муовини сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентӣ, Насрутдинзода Қаёмуддин оид ба рафти иҷроиши Нақша - чорабиниҳои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025»  бо пешниҳодҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида вобаста ба иҷроиши Стратегияи мазкур баромад намуд.

Насрутдинзода Қаёмуддин иброз дошт, ки муқовимат ба коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.

Дар замони имрӯза коррупсия яке аз масъалаҳои муҳимми умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, дар тамоми соҳаҳои гуногуни ҷомеа ҳамчун фаъолияти ҷинояткорона дониста мешавад.

Вобаста ба масъалаи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониашон иброз намуданд, ки «бо дарназардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи онро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил додем. Албатта, муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад».

Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ қабул гардидааст.

Носирӣ Алишер изҳор намуд, ки доир бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, моҳият ва ҳадафи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», хавфҳои коррупсия, роҳу усулҳои пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он шарҳ дода шуда, пешниҳод гардид, ки баҳри таъмини иҷрои саривақтии бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои он, пеш аз ҳама вазорату идораҳо ва шахсони воқеию ҳуқукӣ бештар талош варзида, корро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоянд.

Зикр шуд, ки «коррупсия дар замони муосир мушкилоти ҷаҳонӣ гардида, самаранокии мубориза бо коррупсия аз иштироки фаъолонаи ҳамаи намояндагони ҳокимият, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар шаҳрванд вобастагӣ дорад».

Дар охири ҷамъомад масъулини Агентӣ ба саволҳои аз ҷониби иштирокчиёни вохӯрӣ пешниҳодгардида посухи мушаххас гардонида, баргузории ин гуна ҷамъомадҳоро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои муштарак байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти гумрук барои пешгирӣ ва муборизаи беамон бо ин падидаи номатлуб заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон