Print

Дар мақомоти гумрук ғолибони мусобиқаи шашкаву шоҳмот муайян гардид

Аз Муаллиф Қисмат: Рӯйдодҳои гумрукӣ Hits: 112

Санаи 13 майи соли ҷорӣ дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими мукофотонидани ғолибони мусобиқаи кушоди даставӣ аз намуди шашка ва шоҳмот миёни кормандони мақомоти гумрук баргузор гардид.

 

Мусобиқаи мазкур 23 апрели соли 2022, дар ҳуди Дастгоҳи марказӣ доир шуда буд. Чорабинӣ байни мардон ва занон сурат гирифта, дар он кормандони сину соли гуногун ширкат варзиданд.

Дар мусобиқаи варзишии шоҳмот миёни мардон Хуршед Бобоев – муовини сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ сазовори ҷойи аввал гардида, мақоми дуюмро Дилшод Саибов – муовини сардори Маъмурияти системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона ва зинаи сеюмро Саймумин Раҷабзода - сардори шуъбаи назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит соҳиб гардиданд.

Миёни занҳо дар мусобиқаи шашка бошад, Умедаҷон Назариён – сарнозири шуъбаи омори гумрукии Раёсати таҳлил ва омори гумрукӣ мақомоти аввалро касб намуда, Мунаввар Нарзуллоева – сармуҳосиби муҳосиботи марказии Раёсати молиявию хоҷагӣ мақоми дуюм ва Амина Олимова – нозири Дидбонгоҳи гумрукии назорати мусофирони Гумрук дар “Фурудгоҳи байналмилалии Дуганбе” – и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе зинаи сеюмро сазовор гардиданд.

Ҳамчунин, дар мусобиқаи варзишӣ миёни шашка мардон низ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла Файзиддин Фозилов – сардори шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низоми Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода сазовори зинаи аввал шуда, мақоми дуюм насиби Асламҷон Саидов – сарнозири шуъбаи корҳои сохтмонию таъмирӣ ва рушди инфраструктураи гумрукии Раёсати молиявию хоҷагӣ гардид. Зинаи сеюмро бошад, Самариддин Камолов – нозири бахши котиботи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ишғол намуд.

 

Дар хотимаи мусобиқа, ба таври тантанавӣ ба ғолибон Ифтихорномаи мақомоти гумрук супурда шуд.

Ёдрас мекунем, ки мусобиқаи мазкур дар асоси Нақшаи кори Хадамоти гумрук барои нимсолаи якуми соли 2022, ба хотири солимии фикрии кормандони мақомот баргузор карда шудааст.