Print

Ҷаласа доир ба танзими анъана, ҷашну маросимҳо, озодии виҷдон ва итиҳодияҳои динӣ дар Хадамоти гумрук

Аз Муаллиф Қисмат: Рӯйдодҳои гумрукӣ Hits: 166

27 апрели соли 2022 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба омӯзиши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи озодии виҷдон ва итиҳодияҳои динӣ” бо иштироки намояндаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Азизулло Файз ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ҷаласа баргузор гардид.

 

Ҷаласаро сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук, Муродиён Абдумумин Раҷабзод ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” беш аз чаҳордаҳ сол мешавад, ки воқеан дар ҷомеаи мо инқилоби бузурги фикриро ба бор овард ва ҳамзамон боиси решакан гардидани бисёр амалҳои хурофотӣ гардида, пеши роҳи исрофкориву харҷи беҳударо гирифт. Новобаста аз ин ҳама кӯшишу талошҳо, ҳанӯз ҳам баъзе унсурҳои номатлуб миёни қишрҳои ноогоҳи ҷомеа боқӣ мондаанд, ки ин боиси нигаронист.

“Воқеан хурофот дар зеҳни мардуме шакл мегирад, ки бобати ин ё он мавзӯъ дониши кофӣ надоранд ва маҳз дар байни гурӯҳҳое густариш пайдо мекунад, ки сатҳи донишу маърифаташон паст мебошад”, - таъкид дошт А.Муродиён.

Намояндаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Азизулло Файз дар навбати худ оид ба иҷрои бечунучарои талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи озодии виҷдон ва итиҳодияҳои динӣ” баромад намуда, ҷанбаҳои ҳуқуқии қонунҳои мазкурро шарҳ дод ва тадбирҳои дар ин самт роҳандозишударо бо мисолҳои мушаххас ба самъи иштирокдорон расонид.

Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки меъёрҳои конститутсионӣ-дар маҷмӯъ сиёсати давлати Тоҷикистонро нисбат ба дин ба расмият дароварда, ҷиҳати амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ, ризоият дар ҷомеа, мусоидат ба эҳёи фарҳанг ва худшиносии миллӣ, таъмини ҳамкориҳои васеи давлат бо иттиҳодияҳои динӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, пешгирии падидаҳои ифротгароӣ, тундгароӣ дар муҳити сиёсӣ ва динӣ мусоидат менамоянд.

Таъкид гардид, ки муҳимтарин хусусиятҳои қонунҳои соҳавии муосири Тоҷикистон дар он аст, ки ба арзишҳои миллии давлатдории дунявӣ бештар арҷ гузошта мешавад. Аз ин нуқтаи назар, миёни арзишҳои динӣ ва арзишҳои давлати миллии дунявии Тоҷикистон дар қонунгузории миллӣ ягон ихтилофот мавҷуд нест ва ҳама фаъолиятҳо дар асоси он қонунгузорие ба роҳ монда мешаванд, ки манфиати умумии давлатро дар мадди назар доранд.

“Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви мустақил ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати равандҳои асосии сиёсати байналмилалӣ, аз ҷумла дар масъалаҳои мубориза бо падидаҳои номатлуби экстремизму терроризм, таҳкими таҳаммулпазирии динӣ ва муносибатҳои мутақобилаи байнитамаддунӣ мавқеи мушаххаси худро дорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» муносибатҳои оид ба ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, инчунин, вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои диниро танзим менамояд. Мувофиқи ин қонун, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, аз ҷумла ҳуқуқи ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ба ҳар гуна дин ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб ва дигар кардани ҳама гуна эътиқоди динӣ ва эътиқодҳои дигар, инчунин, мутобиқи онҳо амал карданро кафолат медиҳад.

Қонуни дигари миллиамон, ин қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» мебошад, ки бо иқдоми наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 июни соли 2007 қабул гардид. Мақсади қабули қонун пеш аз ҳама баланд бурдани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар, пешгирии хароҷоти беҳуда ва исрофкорӣ, ба низом даровардани маъракаҳои хурсандӣ ва азодории шаҳрвандон буд. Ногуфта намонад, ки ин таҷриба низ, дар минтақа назир надорад ва татбиқи босубот ва муътадили ин санади муҳимми ҳуқуқиву сиёсӣ ба шуури диниву дунявии мардум таъсири ҷиддӣ расонид. Ба ин маънӣ, ки фазои динӣ ва мафкуравии мардум аз бозмондаҳо ва хурофоти дерина тоза шуд ва як муҳити созгори пайванди равобити дину давлат дар шароити дунявият ба вуҷуд оварда шуд.

Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки қонун ба ҳадафҳои худ то андозаи назаррасе расид. Аз рӯи ҳисоботи мақомоти ваколатдор дар ин давра аз ҳисоби ба низом омадани маъракаҳо, камхарҷ гузаронидани онҳо ва ихтисори як қатор маъракаҳои такрорӣ, зиёда аз 25 миллиард сомонӣ ба нафъи шаҳрвандон пасандоз гардидааст.

Дар моддаи 7 банди 4-и қонуни зикршуда ба шаҳрвандон оиди дар рӯзҳои иди саиди фитр ва қурбон оростани хони маънавӣ ва дурӣ ҷустан аз исроф ва зиёдаравӣ дастур дода шудааст, аммо мутаасифона то ҳол ҳам аз ҷониби бархе он риоя намегардад. “Мо аҳли ҷомеа бояд иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт дастгирӣ намуда, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омода бошем” - таъкид дошт Азизулло Мирзозода.

Дар идомаи мулоқот миёни кормандону намояндаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.

Сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук Муродиён Абдумумин Раҷабзод, ҷаласаро ҷамъбаст намуда, бори дигар аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки барои дар амал татбиқ намудани қонунҳои мазкур ҳамчун узви ҷомеаи мутамаддин саҳми арзандаи худро гузоранд.