ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории мусобиқа оид ба шоҳмот ва шашка дар Хадамоти гумрук

Дар бинои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Хадамоти гумрук мусобиқаи оид ба шоҳмот ва шашка байни кормандони мақомоти гумрук баргузор шуд, ки дар ифтитоҳи он роҳбарияти Хадамоти гумрук низ иштирок намуданд.

 

Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар кишвар сол аз сол рушд намуда, барои машқу тамрини ҷавонон ва омодагии варзишгарон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, иншоотҳои зиёди варзишӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Гузаронидани мусобиқаи варзишии бозии шоҳмот низ соли 2019 барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» ва соли 2020 дуюмин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот» гузаронида шуда буд, ки барои ҷалби бештари қишрҳои гуногуни кишвар ба варзиш мусоидат менамояд.

Боиси хушнидист, ки кормандони Хадамоти гумрук солҳои гузашта низ дар ин намуди чорабинии варзишӣ фаъолона иштирок намуда буданд ва соли ҷорӣ сафи иштирокчиёни бозии шоҳмот боз ҳам зиёдтар шудааст.

Воқеан варзиш воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон буда, мунтазам машғул гардидан бо он махсусан дар замони ҳозира бисёр муфид аст.

Шоҳмот бозии завқовари рӯйимизӣ мебошад. Ин бозӣ яке аз бозиҳои қадимтарини дунё ҳисобида мешавад. Аслан, шоҳмотбозӣ ба сифати бозии зеҳнҳо маъмул буда, навъе варзиши фикрӣ байни ду бозингар арзёбӣ мешавад. Илова бар ин, шоҳмотбозон байни мардум баъзан бо унвони «интеллектҳо» ёд мешаванд. Бояд таъкид кард, ки на ҳама кас аз уҳдаи ин навъи бозӣ мебарояд. Санҷиши зеҳн, озмудани фаросат, дақиқ ва мутамарказ кардани диққат унсурҳоеанд, ки дар ин бозӣ барандаро муайян ва мушаххас мекунанд.

Кормандони Хадамоти гумрук аз рӯйи қуръапартоӣ ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, дар бозии шоҳмот ва шашка байни ҳам рақобат намуданд.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: