ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

19 апрели соли 2022 вохӯрии Сардории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Квон Дон Сок баргузор гардид.

 

Дар рафти вохӯри ҷонибҳо самтҳои тақвияти ҳамкориҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ аз ҷумла ба имзо расонии лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ва самаранокии истифодабарии зерсистемаи Идораи таваккали Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрукро мавриди баррасӣ қарор дод.

Мавриди зикр аст, ки ба имзорасонӣ ва амалӣ гардидани Созишномаи мазкур тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи судмандро густариш дода, содагардонии амалиётҳои воридотию содиротӣ, доду гирифти маълумотҳои гумрукӣ, пешгирии ҳолатҳои вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ, расонидани ёрии амалии мутақобила ва оғози лоиҳаҳои дигари кумакҳои техникӣ дар самтҳои фаъолияти гумрукӣ, шароити мусоидро фароҳам хоҳад овард.

Бояд қайд намуд, ки зерсистемаи Идораи таваккали Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрук бо дастгирии молиявии Ҷумҳурии ҷанубии Корея таъсис дода шуда, санаи 16 сентябри соли 2021 дар рафти ташри Сардори Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея расман мавриди баҳра бардорӣ қарор дода шуд.

Айни замон, зерсистемаи болозикр самаранок фаъолият намуда, дар пешгирии вайронкуниҳои қоидаҳои гумрукӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: