Print

Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз Муаллиф Қисмат: Рӯйдодҳои гумрукӣ Hits: 257

15 апрели соли 2022 Сардории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тосихиро Аикӣ мулоқот доир намуд.

 

Зимни мулоқоти ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти фаъолияти гумрукӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷи байни тарафҳо, такмил ва бозомӯзии кормандони Хадамоти гумрук, лоиҳаи Созишнома оид ба ташрифи волонтёрони Ҷопон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Дар навбати худ Каримзода Хуршед Абдураҳмон таъкид намуд, ки ҳамкории мутақобилан судманд байни мақомоти гумруки кишварҳои дӯсти мо дар асоси санадҳои ҳуқуқии бисёрҷонибаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Созмони ҷаҳонии гумрук бунёд ёфтааст.

“Маврид ба зикр аст, ки дар доираи ҳамкориҳои мазкур соли 2019 Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод, ки ҳадафи он ҷалби кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти Созмони ҷаҳонии гумрук, мусоидат ба маъмурияти гумрук дар баланд бардоштани иқтидор оид ба соддагардонии расмиёти гумрукӣ, мусоидат дар тиҷорат ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ мебошад”- таъкид дошт Х.Каримзода.

Ҳамчунин, Сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи фаъолияти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), ки аз моҳи августи соли 2006 дар рушди соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст, ибрози андеша намуда, зикр дошт, ки ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон дар соҳаи маориф аз соли 1993 ба таври муназзам рушд намуда, дар ин муддат зиёда аз 29 нафар намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон малакаи касбии худро дар курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисоси кишвари Ҷопон баланд бардоштанд.

Ҳамзамон, аз соли 2009 инҷониб, саҳми лоиҳаи стипендияи таълимии JDS (магистрҳо ва докторҳо) дар доираи Барномаи кӯмаки грантии Ҷопон назаррас буда, ду нафар кормандони мақомоти гумрук дар курсҳои болозикр дар Ҷопон иштирок ва ба таълим фаро гирифта шуда, ҳамчун мутахассисони баландихтисос дар соҳаи идоракунии давлатӣ ба камол расидаанд.

Ҳамчунин, дар доираи лоиҳаи «Рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ тавассути идоракунии самараноки сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон», бо саҳми Ҳукумати кишвари Ҷопон гузаргоҳи сарҳадии “Лангар” бомуваффақият ба истифода дода шуд. Инчунин, таҷдиди гузаргоҳҳои мавҷуда тавассути сохтани модулҳои иловагии назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ (дар гузаргоҳҳои «Тем», «Рӯзвай» ва «Ишкошим») бо воситаҳои техникии назорати гумрукӣ ва зарурӣ таъмин карда шуд.

Дар ҳоли ҳозир бошад, дар чаҳорчӯби марҳилаи дуввуми тарҳи сохтмони гузаргоҳи нави “Кокул” дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба маблағи 1 миллиону 600 ҳазор доллар идома дорад.