ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Семинар-Консорсиуми роҳбарони муассисаҳои таълимии мақомоти гумрук ва сарҳадоти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд

Бо мақсади фароҳам овардани платформаи махсус барои муассисаҳои таълимии мақомоти гумрук ва сарҳадоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати густариши ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷрибаву маълумот миёни тарафайн, инчунин ҷорӣ намудани навоварӣ дар раванди таълимоти муассисаҳои таълимӣ, аз санаи 29 то 31 марти соли 2022 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ташаббуси Барномаи ҳамкориҳои идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА), семинар-Консорсиуми роҳбарони муассисаҳои таълимии мақомоти гумрук ва сарҳадоти кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

 

Дар чорабинии мазкур намояндагони муассисаҳои таълимии мақомотҳои гумруку сарҳадоти кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистон, ҳамчунин коршиносони байналмилалии Барномаи БОМКА 10 аз Иттиҳоди Аврупо ва намояндаи САҲА дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Консорсиуми мазкур тибқи фармоиши Сардори Хадамоти гумрук сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук Амириён Ё.О. ва сардори кафедраи “Иқтисод, ҳуқуқ ва фанҳои махсус”-и Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук Ҳалимов Ф.А. намояндагӣ намуданд.

Тибқи барнома дар рафти Консорсиуми мазкур таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таълимии мақомоти гумруки кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Латвия ва Литва аз ҷониби намояндагони онҳо рӯнамоӣ гардид. Тавре аз маърӯзаи намояндагони кишварҳои мазкур маълум шуд, дар кишварҳои аврупоӣ тибқи барномаи “ТоТ” (Train of Trainers), яъне “бозомӯзии омӯзгорон”, дарсгӯяндагони муассисаҳои таълимии онҳо барои баланд бардоштани иқтидори касбиашон мунтазам ба курсҳои кӯтоҳмуддату миёнамуддат сафарбар мегарданд.

Махсусан, вазъияти пандемияи COVID-19 сабаб гардид, ки омӯзиши электронӣ дар муассисаҳои таълимии мақомоти гумруки кишварҳои Аврупо ривоҷу равнақ ёбад.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби коршиносони Барномаи БОМКА иштирокчиёни семинар ба ду гурӯҳ, яъне муассисаҳои таълимии мақомоти гумрукӣ ва муассисаҳои таълимии мақомоти сарҳадӣ ҷудо гардида, иштирокдорон ба машғулиятҳои амалӣ фаро гирифта шуданд. Сипас байни коршиносони байналмилалӣ ва иштирокчиёни консорсиум, оид ба мубодилаи таҷриба ва ҷой доштани мушкилот дар самти баланд бардоштани такмили ихтисоси кормандони мақомоти гумрук, баҳсу мунозираҳои судманд сурат гирифт ва барои ҳалли мушкилот пешниҳодҳои муфид манзур гардиданд.

Ҳамзамон, дар доираи мубодилаи таҷрибаи муассисаҳои таълимии мақомоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони мақомоти гумруки иштирокчии консорсиум барои шиносоӣ пайдо намудан ба Донишкадаи гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон даъват гардида, аз вазъияти кунунӣ, шарту шароит, низоми таълим ва усулҳои инноватсионии таълими донишкадаи мазкур баҳраманд шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ, матни Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Консорсиуми роҳбарони муассисаҳои таълимии мақомоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки соли 2013 аз ҷониби роҳбарони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба имзо расида буд, барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он мавриди баррасӣ қарор дода шуда, лоиҳаи нави Ёддошти мазкур омода гардид. Баъд аз омӯзиши амиқ иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки лоиҳаи нави Ёддошти тафоҳум барои баррасӣ, эроду пешниҳодҳо ва имзо ба маъмурияти мақомоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ ирсол гардад.

Дар фарҷом ба маълумоти иштирокчиён расонида шуд, ки чорабиниҳо дар доираи Барномаи ҳамкориҳои идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) – 10 минбаъд низ дода шуда, барои дастгирӣ дар соҳаи таълим, таъмин намудан бо таҷҳизотҳои лозимаи дарсҳои электронӣ ва иштироки намояндагони муассисаҳои таълимии мақомотҳои гумрук ва сарҳадоти Осиёи Марказӣ маблағи муайян ҷудо карда мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки баргузории ин гуна семинар-консорсиумҳо барои такмили донишу малака, мубодилаи таҷриба, огоҳ шудан аз усулҳои нави таълим ва рушди ҳамкориҳо бо ҳамтоён ва созмонҳои байналмилалии дахлдор самарабахш буда, татбиқи нақшаҳои минбаъдаи он ба беҳтар намудани сатҳи таълим дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: