ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук бо намояндагони Барномаи USAID оид ба савдо дар Осиёи Марказӣ

16 марти соли 2022 дар Хадамоти гумрук, Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар роҳбари Департамент оид рушди иқтисоди USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Уиллиям Хол ва ҳайати расмии барномаи мазкурро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилаи судманд миёни мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи USAID оид ба савдо дар Осиёи Марказиро мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба дурнамои барномаи мазкур, ки муддати панҷ соли оянда фаъолият хоҳад кард, шинос шуданд.

Зимни мулоқот Турсунзода Азим Ҳайдар, таъкид намуд, ки бо дарназардошти ҳолати имрӯзаи кишвари ҳамҷавор бо Тоҷикистон ва ҳадафу мақсадҳои барномаи мазкур моро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сарҳади тулонии кишвари азизамонро, ки миёни дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дарозтарин ба ҳисоб меравад, бо таҷҳизоту лавозимоти муосир таъмин намоем. Инчунин, барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, ки ба тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хавф эҷод менамояд, ҳайати шахсиро тавассути роҳандозии семинару тренингҳои омӯзишӣ бо таҷрибаи пешқадами замон шинос бояд кард.

Ҳамчунин, кайд кардид, ки Хадамоти гумрук миёни дигар мақомотҳо дар рақамикунонии пешбуриди фаъолияти гумрукӣ мавқеи намоёнро ишғол намуда, минбаъд низ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд он ҳадафҳоеро, ки дар Барномаи миёнамӯҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 иъикос гардидаанд, зина ба зина иҷро хоҳад кард.

Тазаккур бояд дод, ки барномаи мазкур дар кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон амалӣ гардида, кӯшишҳо оид ба рушди тиҷорат дар доираи барномаи нав ба таҷрибаи деринаи USAID дар мусоидат ба савдои минтақавӣ, рушди соҳибкорӣ ва робитаи минтақавӣ такя хоҳанд кард.

Ҳадаф аз роҳандозии барнома, ин беҳтар намудани ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар минтақа барои мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва имкониятҳои иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ва назорати сарҳадӣ, таҳкими ҳамкориҳо миёни давлатҳо ва бахши хусусӣ дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ, ба тадриҷ рушд додани ҳамкориҳои байнисарҳадии тиҷорат дар миёни кишварҳо ва инчунин, масъалаҳои гендерӣ дар савдо нигаронида шудааст.

Дар маҷмӯъ, вохурӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ мусоҳибаи созанда сурат гирифт.

Дар вохӯрии мазкур, инчунин, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Сулҳия Мирзошоева, сарнозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ - Сафар Шодиев, сарнозири Раёсати ташкили назоарти гумрукӣ Тимур Арабов, мутахассис оид ба идоракунии лоиҳаҳои USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тодҷиддин Наҷмиддинов ва мутахассис оид ба содагардонии савдои Барномаи USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Шодиев иштирок намуданд.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: