ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.

Дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, иштирок намуданд.

Маҷлисро сардори Хадамоти гумрук, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон оғоз бахшида, бонувони хадамоти гумрукро бо ин санаи фархунда шодбош гуфта, барояшон бурдборӣ ва барои кору муваффақият таманно карда, роҷеъ ба ҷашни фархундаи модарону бонувон, ибрози андеша намуд.

 

Зан - Модар бо сад мушкилӣ, вале бо нияти неку умеди зиёд инсонро ба дунё меорад, ӯро тарбия мекунад ва ба камол мерасонад. Ӯ ба мисли баҳори пурнакҳату муаттар таҷассумгари фардои обод буда, фарзанди худро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ҳидоят менамояд.

 

Бешак, нақши модар дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста мебошад. Аз ин рӯ, фаромӯш набояд кард, ки волидайн ва алалхусус, модарони имрӯза дар баробари ба камол расонидани фарзандони худ, ҳамзамон таърихи ояндаи Ватани хеш ва ҳатто таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд.

 

Доир ба ин масъала, дар яке аз суханрониҳои худ, Пешвои муаззами миллат таъкид карда буданд, ки “Модар гаҳвора ва оламро ба ҳам мепайвандад ва бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд”.

 

Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат заҳмат мекашад.

 

Аз ин рӯ, модар барои фарзанд ҳам умеду орзу, ҳам қалбу рӯҳ, ҳам дармони ҷисму ҷон, яъне меҳрубонтарину ғамхортарин ва муқаддастарин шахс мебошад.

 

Дар Тоҷикистони азизи мо хурду бузург заҳмату фидокориҳои модарону бонувонро қадр мекунанд. Зеро бонувони мо имрӯз бо нангу номуси ватандорӣ дар соҳаҳои гуногун баробари мардон фаъолият доранд. Саҳми бисёр арзишманди онҳо ва натиҷаи заҳмати софдилонаашон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мушоҳида мегардад.

Мо бо занону духтарони ватандӯст ифтихор мекунем ва бовар дорем, ки шумо вазифаҳои бадӯшдоштаи худро минбаъд низ сарбаландона иҷро карда, дар рушду ободии кишвари азизамон саҳми боз ҳам бештар мегузоред.

 

Занону модарони мо ҳанӯз дар оғози даврони истиқлоли давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи кишвар азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштаанд.

Ҳоло ҳазорҳо нафар занону бонувони қавиирода ва ҷасуру далери мо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмати Модар – Ватанро адо карда, дар ҳифзи марзу буми кишвар ва тартиботу оромии ҷомеа баробари мардон адои вазифа карда истодаанд.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.

Бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила санадҳои зарурӣ, аз ҷумла фармони махсуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” қабул гардида, амалӣ гашта истодаанд.

 

Ҳадаф аз қабули санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон мебошад.

Дар натиҷа солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти иҷроияву судӣ ва тамоми сохтору мақомоти давлатию ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд.

 

Аз ҷумла, бо ҳидоятҳо ва раҳнамоиҳои хирадмандонаи Сарвари давлат, дар мақомоти гумруки кишвар ба масъалаи дастгирии занон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад.

Мо бо чунин занону бонувони матиниродаи миллат ифтихор мекунем ва ба садоқати онҳо ба Ватан аҳсан мехонем.

 

Занону бонувони мо дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ҳиссагузор буда, саҳми онҳо махсусан дар рушди соҳаҳои илму маориф ва фарҳангу тандурустӣ торафт афзун шуда истодааст.

Воқеан, зан – модар сазовори ҳама гуна эҳтиром ва қадршиносӣ мебошад. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон гирифтани 8-уми март ҳамчун «Рӯзи модар» гувоҳ аз қадршиносӣ ва манзалати Зан-Модар дар кишвар аст.

 

Беҳуда нест, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.

Қобили қайд аст, ки занону модарони тоҷик дар баробари корҳои давлатӣ ва хоҷагидорӣ, пеш аз ҳама кадбонуи хонавода ҳастанд ва сарриштаи рӯзгор дар дасти онҳост.

 

Сарфи оқилонаи буҷети оила яке аз шартҳои асосии рӯзгори муназзам мебошад, ки дар танзими он нақши занон хеле калон аст. Бо дарназардошти аҳамияти ҳаётии ин масъала, яъне сарфаю сариштакорӣ, дар кишвари мо ҳанӯз соли 2007 Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуда буд. Ва чунон ки имрӯз мебинем, ин қонун дар ҳаёти ҷомеа татбиқ шуда, натиҷаҳои дилхоҳ ба бор меорад.

 

Дар Хадамоти гумрук низ, бо мақсади иҷрои талаботи қонуни мазкур ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №96 “Дар бораи Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим” фармоиши дахлдори сардори Хадамот аз 19 марти соли 2018, №53-ф ба тасвиб расидааст, ки тибқи он Низомнома ва ҳайати комиссияи ҷамъиятии Хадамоти гумрук оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим тасдиқ шудаанд.

Занону модарон дар танзими расму оинҳои мардумӣ ва риояи қонуни қабулшуда бояд намунаи ибрат бошанд. Зеро татбиқи сиёсати давлат дар самти танзими расму оинҳои мардумӣ ҳам яке аз вазифаҳои асосии занону бонувон ба ҳисоб меравад.

Аз ҷониби худ, ман итминони комил дорам, ки бонувон – афсарони мақомоти гумрук, дар ин ҷода, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ муносибат намуда, худ намунаи ибрати дигарон шуда, дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию фарҳангии занони гирду атроф низ саҳми арзандаи хешро хоҳанд гузошт, - қайд кард зимни суханронии худ Хуршед Каримзода.

Дар идомаи чорабинӣ, ҳамчунин, якқатор кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук дар навбати худ ба сухан баромада, доир ба Рӯзи модар ва манзалати Зан-Модар, ибрози назар намуданд.

 

 

 

 

Дар фарҷоми чорабинӣ сардори Худамоти гумрук, Хуршед Каримзода бори дигар ҳамаи бонувони хадамоти гумрук ва дар симои онҳо тамоми занону модарон ва бонувони мамлакатро бори дигар ба ифтихори бузургдошти Рӯзи модар самимона шодбош гуфта, барояшон саломатӣ, хушбахтию саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда таманно намуд.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: