Дар маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад бахшида ба омӯзиши Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 21 дакебари соли 2021 баргузор шуда буд, доир гардид.
Дар ҷамъомад сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук - Абдумумин Муродиён, намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зайдулло Давлатов ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказӣ ширкат варзиданд.
Ҷаласа аз ҷониби Абдумумин Муродиён ҳусни оғоз ёфт. Сипас, барои шарҳи бештари Паём сухан ба меҳмон, Зубайдулло Давлатов дода шуд. Номбурда иброз дошт, ки ин Паёми 22 – юми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон аз Паёмҳои қаблӣ бо якчанд вижагиҳои худ фарқ дорад.
-Ба фарқ аз паёмҳои пешин дар Паёми нав Президенти мамлакат бас масъалаи Афғонистон таваҷҷуҳи бештар доданд. Алалхусус, таъкид доштанд: «Мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва мо тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем», - иброз дошт З. Давлатов.
Ҳамчунин намояндаи Маркази стратегӣ вижагии дигарро дар он мебинад, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз як пешниҳод, як нақшаи чорабиниҳо, як барномаву ду стратегия, ду консепсия ва даҳ супориш иборат буд, ки дар онҳо тамоми ҷабҳаҳои фаолият фаро гирифта шудаанд.
Дар хотима иброз дошт, ки Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили печидаи ҷаҳони муосир нақши созандаву саҳми шосита гузошта, ба афзудани обрӯ ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат менамоянд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро мебояд, то тамоми қувваю ғайрати хешро ба амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳое, ки аз паёмҳои Президенти кишвар бармеоянд, равона намоянд.
Ёдрас мешавем, ки дар Хадамоти гумрук низ нақшаи чорабиниҳои мазкур мавриди иҷро қарор дорад ва дар заминаи он фармоиши Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои идоравӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 зикр гардидаанд” ба имзо расид ва 31 январи соли 2022 ба қайд гирифта шуд, ки мутобиқи банди якуми нақшаи зикршуда, доир намудани чунин як ҷаласа оид ба омӯзиши матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда буд.