ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мақомоти гумрук 30 – сола шуд

Мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори ҳифзи ҳуқуқии ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои гумрукӣ давоми 30 соли фаъолият, вобаста ба шароити замони муосир дар марҳилаи такмилу таҷдид қарор дорад.

 

Имрӯз мақомоти гумрук ба як фишанги муҳими татбиқи сиёсати иқтисодии кишвар ва институти муқтадири таъминкунандаи амнияти иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ мубаддал гардидааст.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Созмони Умумиҷаҳонии Гумрукӣ ва иштирокчии як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ, шартномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ, байниидоравии бисёрҷониба ва дуҷониба дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, мебошад.

 

Чунин заминаи боэъдимоди ҳуқуқӣ имкон фароҳам меорад, ки мақомоти гумрук дар мамлакат дар ояндаи чун ниҳоди муҳими таҳкимбахши иқтисодиёти кишвар, дар амалӣ гаштани барномаҳои давлатии рушди Тоҷикистон мусоидат хоҳад намояд.

 

Дар чорабинӣ бахшида ба рӯзи гумрук, бо ёдоварӣ аз марҳилаҳои тайшуда ва раванди ташаккури ин сохтори муҳими давлатӣ, зикр гардид, ки фаъолияти назарраси кормандони Мақомоти гумрук барои иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар заминаи дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат пайваста тадбирҳо меандешад.

 

Дар шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии кишвар, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тақвияти иқтидорҳои содиротӣ дар назди кормандони гумрук низ фаъолияти пурмаҳсулро тақозо мегардад.

 

Бо дарназардошти саҳми муносиб дар ин самт ва ҷоннок намудани фаъолият, дар чорабинӣ кормандони ин мақомот барои иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ бо нишон, ифтихорномаҳо “Аълочии мақомоти гумрук ”сарфароз гардонида шуданд.

 

Бояд гуфт, ки дар соли 2021 аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук ба Буҷети давлатӣ 6 миллиарду 809,1 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Дар раванди воридоти пардохтҳои гумрукӣ низ ба Буҷети давлатӣ дар соли 2021 дар қиёс ба соли 2020 ба андозаи 1 миллиарду 339,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 

Бо дарназардошти саҳми назарраси кормандони ин ниҳод дар ғанисозии буҷети давлатӣ ва тақвияти сохторӣ, роҳбарият ва кормандони Хадамоти гумрук, ҳамчунин аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мукофотонида шуданд.

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: