ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории конфренсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар Хадамоти гумрук

Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфренсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони: “Рушди мақомоти гумрук дар 30-соли таъсисиёбии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар конфренсия Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, собиқадорони соҳаи фаъолияти гумрук, кормандони Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва воҳидҳои сохтории он, ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

 

Зимни ифтитоҳи конфренсия Сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук - Амириён Ёр Одина иброз дошт, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши барқарор ва мукаммал гардонидани низоми идоракунии давлат, дигаргунсозиҳои сохторӣ, таъмини гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорию сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷет ба воситаи пардохтҳои гумрукию андоз ва пулию қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеи иқтисодиёт ва таъмини бехатарии он аз ҷониби мақомотҳои салоҳиятдор ва дигар самтҳои афзалиятноки кишвар аз қабили инкишофи бахши иҷтимоӣ, тадбирҳои самарабахш андешида шуданд ва амалӣ гаштанд.

 

Сарфи назар аз муваффақиятҳое, ки дар бисёр самтҳои рушди иқтисод, ба даст омаданд, масъалаи такмил ва рушди мақомоти гумрук бо дарназардошти талаботҳои замони муосир дар шароити ҷаҳонишавӣ ниҳоят муҳим ва мубрамӣ боқӣ мемонад.

 

Аз ин хотир, дар шароити имрӯзаи зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва вазъи геополитикии он, барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираю иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва таббии кишвар, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳимояи молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва тақвияти иқтидорҳои содиротии кишвар идомаи фаъолияти пурмасъули касбиро дар воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук тақозо менамояд.

 

Бинобар ин, бо мақсади дарки маънӣ ва ошкор сохтани муаммоҳои мавҷуда дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи банди 18 моддаи 462 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук Конференсияи илмию амалии ҷумҳурияивиро дар мавзӯи “Рушди мақомоти гумрук дар 30 – соли таъсисёбии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” зарур шуморид.

 

Сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук Амириён Ёр Одина изҳор дошт, ки конфренсияи мазкур барои муҳокима ва ҳамоҳангсозии амалҳои амалияи фаъолияти гумрукӣ барои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба беҳтар намудани шаффофияти фаъолияти гумрукӣ, ки иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, соҳибкорону сармоягузорон, намояндагони Созмонҳои байналмилалӣ ва таъминкунандагони қисми даромади буҷети давлатӣ ва дигар шарикони рушд барои пешрафти мақомоти гумрук, ҳамчун, платформаи босамар хизмат мекунад.

 

Дар доираи конфренсияи шарҳи мухтасари дастовардҳои “Рушди мақомоти гумрук дар 30 – соли таъсисёбии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва нақши назарияи фаъолияти гумрукӣ дар татбиқи он бахшида шуда буд, ки аз ҷониби намояндаи Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук, навори видеоии Шуъбаи иттилоотии Хадамоти гумрук ва баромад ва маърӯзаҳои Олимону мутахассисони донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, собиқадорони соҳаи фаъолияти гумрук, кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва воҳидҳои сохтории он бахшида шуда буданд.

 

Маврид ба зикр аст, ки ҳадафи асосии конфренсия – ин муайян намудан ва омӯхтани роҳҳои босамари татбиқи ташаккул ва рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои минбаъда бо дарназардошти тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук, нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар таҳкими қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили таъминоти ҳуқуқии фаъолияти мақомоти гумрук – омили таъмини қонуният дар соҳа, таъмини амнияти иқтисодӣ – вазифаи асосии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди хизматрасониҳои электронии гумрукӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ, системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона (СИАЯ) ва “Равзанаи ягонаи” мақомоти гумрук, ҳамчун, фаъолияти муосири гумрукӣ, нақши мақомоти гумрук дар таъмини қисми даромади буҷети давлатӣ, сиёсати тарифии гумрукӣ ва нақши имтиёзҳои он дар рушди истеҳсоли дохилӣ, мукаммалсозии назорати гумрукӣ ва содагардонии расмиёти гумрукию савдо ва ғайра буд.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: