ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маросими пушидашавии миссияи маҷозии ташхисӣ ва машваратии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук оид ба идоракунии захираҳои инсонӣ барои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 декабри соли 2021, кори миссияи маҷозии ташхисӣ ва машваратии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук оид ба идоракунии захираҳои инсонӣ барои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима дода шуд.

Дар маросими пушидашавии миссияи мазкур Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - майори хадамоти гумрук, Ҳурматзод Иззатулло Зариф иштирок намуда, таъкид доштанд, ки муддати як ҳафтаи сипаригардида, гурӯҳи корӣ ва зиёда аз бист нафар кормандони раёсатҳои Хадамоти гумрук, барои дар сатҳи баланд баргузорӣ ва ба саволҳои пешниҳодгардида аз ҷониби мутахассисони Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук ҷавобҳои лозимаро дастрас намуданд, то ин ки, камбудиҳои ҷойдошта дар системаи кадрии мақомоти гумрук аз ҷониби Шумо мутахассисони сатҳи байналмилалӣ омӯхта ва таҷрибаи пешқадами давлатҳои ҷаҳон дар ин самт дар мақомоти мо низ ҷорӣ карда шаванд.

Бояд тазаккур дод, ки саволномаи пешниҳоднамудаи Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук, ки арзёбии ҳолати кунунӣ ва дурнамои захираҳои инсонии мақомоти гумруки давлатҳои аъзои созмонро ба танзим медарорад, аз ҷониби шахсони масъули Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон хонапурӣ гардида ба Шумо бо мақсади объективона баҳо гузоштани системаи кадрии мақомоти гумруки Тоҷикистон ва пешниҳодҳои мушаххас бо дарназардошти талаботҳои ҷаҳони муосир ҷавобгӯ будани ин самт, таклифу пешниҳодҳои хешро иброз хоҳед дошт.

Зеро, пешравии ҳар як мақомоти давлатӣ аз баланд бардоштани нерӯи инсонии ӯ вобастагии амиқ дорад ва сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ, инчунин, дар оянда ба яке аз мақомотҳои пешрафта табдил додани мақомоти гумруки Тоҷикистон ҳадафҳои асосии роҳбарияти Олии кишвар ба шумор меравад.

Ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати корӣ дар мақомоти гумрук, ки оинаи ҳар як кишвари ҷаҳон ба шумор рафта, инчунин, ҳифзи иқтисодиёти мамлакатро дар баробари дигар мақомотҳои давлатӣ таъмин сохта, барои омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани таҷрибаи пешқадаи давлтаҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук, истифодаи технолгияҳои муосир чораҳои зарӯриро андешида системаи мазкурро ба талаботҳои ҷаҳони зудтағйирёбанда мутобиқ созем.

Дар анҷоми маросими пушидашавии миссияи дар боло зикргардида, Муовини сардори Хадамоти гумрук Ҳурматзод Иззатулло барои гузоштани саҳми беандозаи Дабири Кули Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук, доктор Кунио Микурия, ки дар вохӯриҳои хеш бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус медиҳанд, миннатдории хешро иброз намоям.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар асоси пешниҳодҳодҳои Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук аз натиҷаи миссияи мазкур нақшаи иҷрои онҳо аз ҷониби Хадамоти гумрук тартиб дода шуда, баҳри иҷроиши онҳо чораҳои зарӯриро андешида хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ки дар маросими пушидашавии миссия, инчуин, доктор Си Муҳаммад, Роҳбари Барномаи рушди захираҳои инсонии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук, доктор Ҳуа Тонг, коршиноси аккредитатсияшудаи Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук аз мақомоти гумруки Ҷумҳурии Халқии Хитой, хонум Мария Кикилик, коршиноси аккредитатсияшудаи Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук аз мақомоти Украина, ҷаноби Сатя Прасаду Саҳу, Корудула Растоги намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ва аъзоёни Гурӯҳи кории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок намуданд.

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: