ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Миссияи маҷозии ташхисӣ ва машваратии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук оид ба идоракунии захираҳои инсонӣ барои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ кард

Санаи 22 декабри соли 2021, тариқи маҷозӣ миссияи ташхисӣ ва машваратии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук оид ба идоракунии захираҳои инсонӣ барои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ намуд.

 

Чорабинии мазкурро сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - лейтенанти хадамоти гумрук, Каримзода Хуршед Абдураҳмон шурӯъ намуда, таъкид доштанд, ки масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар мақомоти гумрук яке аз масъалаҳои калидӣ ба шумор рафта, масъалаи мазкур зимни мулоқоту вохӯриҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири Кулли Созмони Ҷаҳонии Гумрук Кунио Микурия низ мавриди баррасӣ қарор дошт.

 

Ҳадаф аз баргузории миссияи мазкур гузаронидани ташхиси идоракунии захираҳои инсонӣ дар асоси стандартҳои СУГ, ки самти стратегӣ, салоҳият ва профили кор, банақшагирӣ ва идоракунии самаранокӣ, омӯзиш, рушди касб, музди меҳнат ва имтиёзҳо буда, таъсис додани заминаҳои ҷорӣ намудани идоракунии муосири ба салоҳият асосёфтаи захираҳои инсонӣ дар асоси стандартҳои СУГ ва таҷрибаи беҳтарини байналмилалиро дар бар мегирад. Ҳамчунин, арзёбии эҳтиёҷоти интиқодӣ ва камбудиҳои салоҳиятдор дар доираи Барномаи миёнамӯҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 низ аз ҳадафҳои дигари миссия ба шумор меравад.

 

Дар навбати худ доктор Си муҳаммад, Менеҷери барномаи рушди инсонии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур изҳори миннатдори намуда, иброз доштанд, ки миссия барои давлатҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук дар Осиёи Марказӣ аввалин буда, қадами асосӣ дар пешбурди фаъолияти кадрии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақтӣ ба шумор меравад.

 

Намояндаи гумруки Ҷумҳурии Халқии Хитой, коршиноси аккредитатсияшудаи Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук - доктор Ҳуа ТОНГ изҳори омодагии хешро барои такмил додани стратегияи рушди нерӯи инсонии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта, тавсия ва пешниҳодҳои мушаххасро аз таҷрибаи кишвари хеш ва пешқадами ҷаҳонро барои пешбуриди ин фаъолият пешниҳод намуд.

 

Ёдрас мекунем, ки қаблан, 12 октябри соли 2021, дар шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия баргузор шуда буд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои мукаммалгардонии маъмурияти гумрук, низоми иттилоотии автоматикунонидашудаи он бо технологияҳои муосир, таҷдиди зерсохтори гумрук ва рушди иқтидори захираҳои инсониро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ муҳокима карданд. Дар ин зимн фаъол кардани ҳамкории судманд бо Созмони Ҷаҳонии Гумрук барои баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони ниҳоди гумрукии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

 

Дар мулоқот амалисозии санадҳои қабулшуда дар доираи Созмон, аз ҷумла Конвенсияи байналмилалӣ оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукии Киото (соли 1973), Созишнома оид ба соддагардонии расмиёти савдо (соли 2013) ва мутобиқ намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи Конвенсия ва Созишномаи зикршуда баррасӣ карда шуд.

 

Хотиррасон мекунем, ки Тоҷикистон соли 2018 меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотӣ мутобиқ ба стандартҳои Созмони Ҷаҳонии Савдоро қабул намудааст.

Имтиёзҳои гумрукию андозӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони молҳои ватанӣ ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамоянд. Онҳо, инчунин ба афзун гардидани ҳаҷми истеҳсоли молҳои ватанӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ замина гузоштанд.

 

Зимни вохӯрӣ масъалаи такмили қонунгузорӣ дар арсаи тиҷорату иқтисод ва амалисозии сиёсати давлатии дастгирии содирот низ муҳокима гардид.

 

Изҳори итминон карда шуд, ки гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалие, ки аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Гумрук таҳия ва пешниҳод мешаванд, ба зиёд гардидани гардиши тиҷорат ва қисми воридотии буҷаи давлат, инчунин рушди муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамҷавор ва минтақа саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

 

Бояд гуфт, ки кори миссияи мазкур ҳанӯз идома дошта, то 29 декбари соли 2021 идома меёбад.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: