ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз кормандони Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук дар толори он ҷамъ омада, дастаҷамъона Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро тамошо намуданд.

Зимни ироаи Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду равнақи соҳаи соҳибкорӣ ба ин самт афзалияти бештар дода, сабукиҳои зиёде ҷорӣ намуд. Кормандони мақомоти гумрук, ки яке аз ниҳодҳои калидӣ дар самти таъмини амнияти иқтисодӣ ба шумор меравад, аз ин сабукиҳои пешниҳоддамудаи Сарвари давлат хушнуд гардида, бар он боваранд, ки чунин сабукиҳо барои ҷалби соҳибкорон ва пурра гардидани буҷети кишвар мусоидат менамоянд.

 

-Дар замони истиқлолият аз ҷониби давлату Ҳукумат ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, то имрӯз ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шуданд ва шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3–5 рӯз кам карда, ба таври ройгон ба роҳ монда шуд, - иброз доштанд дар Паёми худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон .

 

Дар баробари ин, оид ба ҷорӣ намудани расмиёти электронӣ дар самти фаъолияти соҳибкорӣ диққати махсус дода, иброз доштанд, ки ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми электронии пайгирии муроҷиати сармоягузорон дар доираи «Равзанаи ягона» ва таҳияи тартиби роҳандозии ҳамкории электронӣ бо сармоягузорон дар ҳамаи сатҳҳои мақомоти давлатӣ бояд чораҳои амалӣ андешида шаванд. Ҳамчунин, қайд гардид, ки то охири соли 2022 раванди бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар давоми 24 соат, аз ҷумла ба тарзи электронӣ ба роҳ монда шавад.

 

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро боиси дастгирӣ медонад. Маҳз бо дастгирӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2020 “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” расман ба фаъолият оғоз намуд, ки дар назди Хадамоти гумрук фаъолият мекунад.

Мақсад аз таъсиси он содагардонии расмиёти савдои хориҷӣ, кам намудани вақт ва хароҷоти иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, зиёд шудани гардиши тиҷорати хориҷӣ ва даромади иловагӣ ба буҷет мебошад, ки мубодилаи ҳуҷҷатҳоро аз шакли қоғазӣ ба электронӣ табдил дода, дар татбиқи ҳукумати электронӣ, сода ва шаффоф намудани расмиёти марбут ба танзими савдои хориҷӣ ва хизматрасонии давлатӣ, инчунин, беҳсозии фазои соҳибкорӣ мусоидат менамояд.

 

Дар ин росто, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба рушди соҳаи саноат аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, Ҷаноби Олӣ иброз доштанд, ки бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.

Вобаста ба ин, ба рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи саноат мебошад, аҳамияти ҷиддӣ дода, иброз доштанд, ки ин имкон фароҳам меорад, барои занону бонувон шароити корӣ муҳайё гардад. Дар робита ба ин, замини тутзорҳоро ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин, шахсони ҳуқуқиеро, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод намуданд.

 

Маврид ба зикр аст, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳои худ тамоми дастуру супоришҳои Сарвари давлатро, ки дар Паёми навбатиашон қайд намуданд, сари вақт иҷро намуда, кушиш ба харҷ медиҳад, то дар самти фазои сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ дар мамлакат ва таъмини буҷа саҳми назаррас гузорад.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: