1 декабри соли 2021 Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Шерализода Хуршед намояндагони Барномаи мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА-10)-ро, ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои мутақобилаи судманд миёни мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи БОМКА-10 ва дурнамои онҳоро дар бахшҳои модернизатсиякунонии мақомоти гумрук, таҷҳизонидани хадамоти гумрук бо техникаи муосир, бехатарии интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳад дар давраи пандемияи COVID-19 ва ҳамоҳанг намудани нақшаи кории барномаи (БОМКА-10) барои соли 2022, баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин гуфтугӯи судманд перомуни масоили амнияту суботи минтақа, алалхусус вазъ дар Афғонистон, хатари терроризму ифротгароӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн сурат гирифт.
Дар вохӯрии мазкур, Муовини роҳбари Барномаи мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА-10) - Владимирс Загузовс, Роҳбари минтақавии Барномаи БОМКА-10 - Марис Доминиш, Ёвари техникии Барномаи БОМКА-10 барои Тоҷикистону Афғонистон - Игорс Апокинс, Ҳамоҳангсозии Барномаи БОМКА-10 дар Тоҷикистон - Мустафо Мамадназаров, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сулҳия Мирзошоева, сарнозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Хадамоти гумрук Шодиев Сафар Раҳматуллоевич ва нозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилали гумрукӣ - Хайриддинзода Бадриддин иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Барномаи БОМКА дар соли 2003 таъсис ёфта, марҳилаҳои он ба баланд бардоштани иқтидор ва рушди институтсионалӣ, рушди долонҳои тиҷоратӣ, такмили системаҳои идоракунии сарҳад ва пешгирӣ намудани интиқоли қочоқи маводи мухаддир дар минтақаи Осиёи Марказӣ равона карда шуда буд. Ҳар як марҳилаи минбаъда бо назардошти зарурати таҳияи марҳилаҳои қаблӣ омода гардида, дар марҳилаҳои қаблии Барнома таваҷҷуҳ ба муҷаҳҳазгардонии инфрасохтори замонавии идоракунии сарҳад равона шуда буд.


