Print

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз Муаллиф Қисмат: Рӯйдодҳои гумрукӣ Hits: 370

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук доир гардид, ки дар кори он сардорони воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук, намояндагони мақомотҳои иҷроия ва аҳли тиҷорат иштирок намуданд.

 

Дар ҷаласаи мазкур оид ба масъалаҳои истифода аз низоми дудолона дар гузаргоҳҳои гумрукии наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумрук дар соли 2021 ва ҷамбасти натиҷаҳои ҷаласа, мавриди баррасии аҳли нишаст қарор дода шуд.

 

Ҷаласаро Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар кушода эълон намуд.

 

Турсунзода А.Ҳ. оид ба натиҷаҳои назаррасе, ки дар рафти фаъолияти пурсамар новобаста аз вазъи пандемияи ба ҳама маълум, давоми соли 2021 Хадамоти гумрук сарбаландона ба онҳо ноил гардид, мухтасар маълумот пешниҳод намуд.

 

Зикр карда шуд, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Корея мавқеи хосса дошта, ташаккул ва рушди ҳамкории дуҷониба бо ин кишвари осиёӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамкорӣ байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии бисёрҷонибаи Созмони умумиҷаҳонии савдо ва Созмони умумиҷаҳонии гумрук тақвият меёбад.

 

Дар ҳамин замина ва дар доираи тақвити ҳамкориҳои байни ду давлат дар шаҳри Душанбе санаи 16 сентябри соли 2021 «Системаи идораи таваккал» ба таври расмӣ ифтитоҳ шуд.

 

Лоиҳаи мазкур дар доираи таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея амалӣ карда шуда, дар он роҳбарият ва дигар масъулини Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Корея иштирок намуданд.

 

Зикр шуд, ки татбиқи лоиҳаи низоми идораи таваккал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2019-2021 дар асоси Созишнома дар бораи содагардонии расмиёти савдои Созмони умумиҷаҳонии савдо вобаста ба расонидани кумаки техникӣ аз ҷониби кишварҳои мутараққӣ ба кишварҳои рӯ ба рушд амалӣ карда шудааст.

Дар натиҷаи заҳматҳои мутахассисон муяссар гардид, ки зерсистемаи «Идораи таваккал» расман ба истифода дода шавад. Таъкид гардид, ки ифтитоҳи расмии «Системаи идораи таваккал» шароити мусоидро дар самти суръатбахшии барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукӣ, ҳисоби дуруст ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ фароҳам оварда, боиси афзоиши ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ мегардад. Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Системаи идораи таваккал» давраҳои омӯзишӣ барои мутахассисони мақомоти гумруки Тоҷикистон, аз ҷумла дар Корея ва Тоҷикистон марҳила ба марҳила роҳандозӣ гардида буд.

Мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея тасмим гирифтаанд, ки ҳамкориро дар самти мубодилаи электронии маълумот тавассути баимзорасонии созишнома ба роҳ монанд. Ҷонибҳо ба сатҳи ҳамкории гумрукии Тоҷикистон ва Корея баҳои баланд дода, ҳавасмандии худро дар самти мукаммалгардонии Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо назардошти ба истифода додани системаи идоракунии таваккал ҳамчун асоси густариши ҳамкории дуҷониба баён доштанд.

Ҷиҳати ободу зебо гардонидани иншооту биноҳои маъмурии мақомоти гумрук корҳои ободонию бунёдкорӣ ба роҳ монда шуда, аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамот иҷрои як қатор чорабиниҳо ба анҷом расонида шуд.

Аз ҷумла, гирду атроф ва саҳни бинои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук таъмиру мумфарш карда шуда, намои бинои дидбонгоҳи гумрукии “Дӯстӣ” бо тарҳи замонавӣ азнавсозӣ гардид. Инчунин, намои бино ва гирду атрофи бинои маъмурии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо тарҳи замонавӣ азнавсозӣ гардида, сохтмони бинои дуошёнаи Гумруки “Мурғоб”-и ноҳияи Мурғоб анҷом ёфта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Утоқҳои кории бинои маъмурии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар ҳудуди Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд маҷлисгоҳ барои 150 нафар ва майдончаи варзишӣ бо тарҳи замонавӣ сохтаву мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ин радиф намои бинои маъмурии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд бошад, аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки айни замон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, бо дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ корҳои омӯзишӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони 5 дидбонгоҳи гумрукӣ дар марз бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла дидбонгоҳҳои гумрукии “Зафаробод” дар ноҳияи Зафаробод, “Навбунёд” дар ноҳияи Ашт, “Ҳаштяк” дар ноҳияи Спитамен, “Равот” дар шаҳри Конибодом ва “Уротеппа” дар шаҳри Истаравшан, ки тавассути онҳо рафтуомади шаҳрвандон ва интиқоли молу воситаҳои нақлиёт дар ин гузаргоҳҳо бештар аст, амалӣ гардида истодаанд.

Дар ҳолати имрӯза бошад, сохтмони дидбонгоҳи гумрукии “Уротеппа”-и ноҳияи Истаравшан ва дидбонгоҳи гумрукии “Навбунёд”-и ноҳияи Ашти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд пурра ба анҷом расида, бо тамоми таҷҳизотҳои назоратӣ таъмин гардида, иншооти мазкур аз ҷониби Комиссияи қабули давлатӣ барои истифодабарӣ қабул гардидаанд.

Тавре дар боло ишора шуд, ҳамаи ин корҳои созандагию бунёдкорӣ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, дастовардҳои зикргардида ва чорабиниҳои ба нақша гирифташуда дар самти фаъолияти мақомоти гумрук ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дар партави сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти маҳбуби мамлакат рӯи кор омада истодаанд.

 

 

Ҳамчунин, маърӯзаҳои сардори Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумрук Абдуқодирзода Ҷамшед Комил дар мавзӯи «Истифода аз низоми дудолона дар гузаргоҳҳои гумрукии наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва намояндаи Кумитаи андоз дар мавзӯи « Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав», пешкаши ҳозирин карда шуд.

 

 

 

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуда, вобаста ба мавзӯъҳои баррасишаванда фикру ақидаҳо ва таклифу пешниҳодоти худро иброз намуданд.

 

 

 

Дар ҷамъбасти ҷаласа, Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар аз ҳамкории мутақобила ба иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуданд, ки ҳамкориҳо дар оянда низ бо мақомоти иҷроия ва аҳли тиҷорат дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда шуда, барои бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта, аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард.