Print

Мулоқоти Сардори Хадамоти гумрук бо муовини Дабири кулли СММ, мудири иҷроияи UNODC

Аз Муаллиф Қисмат: Рӯйдодҳои гумрукӣ Hits: 385

29 ноябри соли 2021 cардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук - Каримзода Хуршед Абдураҳмон муовини Дабири кулли СММ, мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) - Ғода Волиро ба ҳузур пазируфт.

 

Дар сӯҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории тарафайнро дар чаҳорчӯби барномаву лоиҳаҳои созмони мазкур дар самти пешгирӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддиру ҷинояткорӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

 

Хуршед Каримзода бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкориҳои мақомоти гумрук бо UNODC дар мавриди мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, аз ҷумла оид ба “Барномаи ҷаҳонии UNODC ва Созмони умумиҷаҳонии гумрук оид ба назорати ҳамлу нақли контейнерҳо” ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, андешаронӣ намуд.

 

Сардори Хадамоти гумрук афзуд, ки бо талошҳои муштарак мо метавонем ба рушди босуръати ҳамкориҳои мутақобилан судманд такони нав бахшем, ки ба рушди самтҳои нави муносибатҳои дуҷониба хизмат карда, Барномаи нави Раёсати СММ оид ба маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (солҳои 2022-2025) бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ба андешидан ва роҳандозии тадбирҳои ҳамоҳангшудаи муассир ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои муосир равона хоҳад шуд.

 

Сипас, аз ҷониби сардори Хадамоти гумрук – Хуршед Каримзода ва Ашита Миттал, Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ, санад оид ба супоридани таҷҳизот ба имзо расонида шуд.

 

Бояд қайд намуд, ки давлатҳои ширкаткунандаи “Барномаи ҷаҳонии UNODC ва Созмони умумиҷаҳонии гумрук оид ба назорати ҳамлу нақли контейнерҳо” ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Гурҷистон, Украина, Афғонистон ва Покистон ба ҳисоб рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Барномаи мазкур санаи 18 марти соли 2014 ҳамроҳ шудааст.

 

Соли 2014, Хадамоти гумрук барои шомил намудан ба Барномаи мазкур ду воҳиди сохторӣ - Гумруки “Панҷи Поён” ва дидбонгоҳи гумрукии “Душанбе-2”-ро пешниҳод намуда буд. Соли 2017 бошад ба ин Барнома гуруҳҳои назорати бандарӣ аз ҳисоби кормандони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ва ВМКБ шомил гардиданд.

Дар давраи татбиқи Барнома, утоқҳои кории аъзоёни гурӯҳҳои назорати бандарии дидбонгоҳи гумрукии “Душанбе-2”, дастгоҳҳои марказии раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ва ВМКБ пурра таъмир карда шуд.

 

Аъзоёни гурӯҳи назорати бандарӣ мунтазам дар семинар-машғулиятҳои назариявию амалӣ дар мавзӯъҳои «Спетсификатсияи контейнерҳои E-BIC», «Тарзҳои назорати контейнерҳо», «Истифодаи Container Comm ҳамчун манбаи маълумот», «Профили таваккал ва муайян намудани контейнерҳои таваккал», “Усулҳои ғайриқонунии марбут ба муҳрҳо, топаҳо, техника ва тадбирҳои ошкоркунӣ”, “Ҳимояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ”, “Конвенсияи оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта (CITES,)” ва ғайраҳо, ки аз ҷониби Барнома бо ҷалби мутахассисони Созмони умумиҷаҳонии гумрук баргузор гардид, иштирок намуданд.