ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрӣ бо Роҳбари Намояндагии Қӯшунҳои сарҳадии Британия Кабир дар Осиёи Марказӣ

11 ноябри соли 2021 Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар роҳбари Намояндагии Қӯшунҳои сарҳадии Британия Кабир дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Кевин Ҷонсро ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни мақомоти гумруки ду кишвар, инчунин, мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ намуданд.

Дар мулоқот ҳамзамон масоили марбут ба амнияту субот дар минтақа ва вазъ дар Афғонистон баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвияти бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун ва дар чаҳорчӯби механизмҳои дуҷониба таъкид намуданд.

Дар маҷмӯъ, вохурӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мусоҳибаи созанда барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ, сурат гирифт.

Дар вохӯрии мазкур, инчунин, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ - Сулҳия Мирзошоева, сардори Маъмурияти Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона - Султонов Қурбон Каримович, сарнозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ - Шодиев Сафар Раҳматуллоевич ва нозири калони Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ - Хайриддинзода Бадриддинӣ Амриддин иштирок намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: