ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, ҳамчунин Муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Карим иштирок намуданд.

 

Маҷлисро сардори Хадамоти гумрук, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Хуршед Каримзода оғоз бахшида, роҷеъ ба таърихи начандон дури халқи тоҷик дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва ба сари қудрат омадани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин оид ба қаҳрамониву ҷоннисориҳои ӯ нисбат ба тақдири халқи тоҷик ибрози андеша намуд.

Имрӯз - 16 ноябр мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.

Сабаби асосии дар ин рӯз таҷлил гаштани чунин ҷашни фархунда дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карданд. Ҳамчунин, дар ҳамон сол, дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум тавассути раъйпурсии умумихалкӣ қабул гардида буд, шакли идораи ҷумҳурӣ президентӣ эълон шуд.

Дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ, ки Ватани мо, пеш аз ҳама, ба сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ маҳз бо мақсади пурзур намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд. Он як интихоби огоҳона буда, маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид.

Мутобиқи муқаррароти Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия маҳсуб шуда, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Бинобар ин, таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марди олим, оқилу фозил ва хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш муттаҳид ва ба қалби мардумаш шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардум, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии кишвар, фароҳамоварандаи шароити арзанда барои сокинон, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо ҳамватанон, балки ҷаҳониён низ эътироф намудаанд, ки барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад.

Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми Президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод. Маҳз ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва зарфияти ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳад.

Илова бар ин, фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шакли идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ касб намудааст. Ҳамин тавр, дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шахсияту хидматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашта, пайванди ногусастанӣ дорад ва дар «Рӯзи Президент» беихтиёр шахсияти таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳматҳои бузурги ӯ дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши рӯй меоянд, - қайд кард зимни суханронии худ Хуршед Каримзода.

Дар идомаи чорабинӣ муовини раиси Суди конститутсионӣ – Каримзода Карим андешаронӣ намуда, аз навъҳои давлатдорӣ ва хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарор намудани сохти Конститутсионии давлат сухан гуфт.

Ҳамчунин, Ибодов Шоҳрух, корманди Раёсати таъмини ҳуқуқии Хадамоти гумрук дар навбати худ ба сухан баромада, доир ба нақши Президент дар пойдории сулҳу ваҳдат ва идоракунии давлати Президентӣ, ибрози назар намуд.

Сипас, сардори Худамоти гумрук, Хуршед Каримзода бори дигар ҳозиринро шодбош намуда, ба муносибати Рӯзи Президент бори дигар ҳамаи ҳамкасбон ва дар симои онҳо кулли шаҳрвандони шарифи Тоҷикистони азизро шодиёна шодбош гуфта, ба хонадони ҳар якашон фазои фораму фарогири файзу фароғат, меҳру муҳаббат ва ба Меҳани маҳбубамон сулҳу сафо ва рушду рафоҳ таманно намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ филме роҷеъ ба рӯзгори фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори давлати навини тоҷикон” манзури ҷамъомадагон гардонда шуд.

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: