5 ноябри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Ҷамъомадро муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳурматзода Иззатулло Зариф ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла иброз дошт, ки: - Бисту ҳафт сол пеш, яъне 6 ноябри соли 1994 шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ санади сарнавиштсозеро қабул намуданд, ки он асоси рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ, ҳуҷҷати сарнавиштсозу ифодагари азму ирода ва нияту ормонҳои халқи Тоҷикистон буда, бобати эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин санади олии ҳуқуқӣ, маҳз дар асоси ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид.
Боиси фараҳмандист, ки ҳамасола халқи Тоҷикистон 6 ноябрро ҳамчун иди умумихалқӣ бо шаҳомати хос ҷашн мегиранд, зеро қабули Конститутсия ба марҳилаи навбатии рушду инкишофи Тоҷикистон оғози тоза бахшид.
Конститутсия ҳамчун дастоварди бузургтарини даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.
Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия нишонаи ҳисси баланди масъулиятшиносии шаҳрвандони мо нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва миллат гардид. Гузашта аз ин, чунин тарзи қабули Конститутсия собит сохт, ки дар Тоҷикистон воқеан ҳам халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист. Раъйпурсии умумихалқӣ бошад, ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ аст. Қабули Конститутсия имкон дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад.
Дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол: - инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ; - ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои инсон дахлнопазир; - эътироф, риоя ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд масъулияти давлат эълон гардидаанд.
Аз ҷониби халқи Тоҷикистон пазируфта шудани роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар заминаҳои воқеии ҳуқуқӣ гузошт.
Марому мақсади халқи Тоҷикистон, ҳадафҳо ва нақшаҳои стратегии давлат, ки дар Конститутсия эълон шуда буданд, дар як муддати кӯтоҳ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон пазируфта шуданд, зеро онҳо бо арзишҳо ва ҳадафҳои ҷомеаи мутамаддини башарӣ мутобиқ мебошанд.
Имрӯз мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар мебошад ва ба сӯи пешрафту тараққиёт бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Бо дарназардошти таъмин намудани рушди бемайлону устувори ҷомеа ва амалӣ гардонидани мақсадҳои стратегии халқи тоҷик солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия тағйироти зарурӣ ворид карда шуданд, ки дар натиҷа ин санади тақдирсоз боз ҳам мукаммал гардид, хусусан, рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин мекунанд, таҳкиму тақвият пайдо карданд.
Бисту ҳафт соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифа ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давлату миллати тоҷик ҳамчун қонуни сарнавиштсоз ва муқаддаси миллӣ буда, санадест, ки асоси ҳастии ҷомеаро таъмин мекунад, бунёди устувори рушду такомули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян менамояд.
Ин ҳуҷҷат дар таърихи навини кишварамон руйдоди воқеан бузург ва тақдирсоз мебошад. Ин санади муқаддас истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муайян сохт.
Мо, тоҷикон бо итминони комил ифтихор аз он дорем, ки бо қабули Конститутсияи Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро дар фазои худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдати миллӣ, тинҷиву оромӣ ва якпорчагии давлати соҳибистиқлоламон таҷлил менамоем.
Эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳои кишвар таъмини волоияти қонун, кафолат ва шарти аввалиндараҷаи субботу оромӣ, рушди иҷтимоӣ ва рӯзгори ободу осудаи ҳар як хонадони мо мебошад. Аз ин лиҳоз, барои таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар моро зарур аст, ки дар фаъолияти худ танҳо ба Конститутсия ва қонунҳо тобеъ бошем.
Инчунин, якқатор командони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ ба сухан баромада, доир ба ин санади сарнавиштсози миллат ибрози назар намуданд.
Дар анҷом муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф ҷамъомади тантанавиро ҷамъбаст намуда, иброз намуданд, ки - Меъёри мавриди таваҷҷуҳ муқаррароти моддаи 100 мебошад, ки дар робита ба моддаи 1 Конститутсия қабул шудааст. Чунончи, тибқи талаботи моддаи 100 Конститутсия шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазир эълон шудаанд. Яъне, мардуми шарифи Тоҷикистон саодати имрӯзу фардои худро дар муҳтавои ин меъёр амиқан ва дақиқан дарк намуда, бо виқор ва устувор ба пеш қадам мезанад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди самараҳои аввалини он дар рӯзгори мову шумо шудааст.