ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таҳкими ҳамкории гумрукии Тоҷикистону Корея

Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Корея мавқеи хосса дошта, ташаккул ва рушди ҳамкории дуҷониба бо ин кишвари осиёӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамкорӣ байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии бисёрҷонибаи Созмони умумиҷаҳонии савдо ва Созмони умумиҷаҳонии гумрук тақвият меёбад.

 

Дар ҳамин замина ва дар доираи тақвити ҳамкориҳои байни ду давлат дар шаҳри Душанбе «Системаи идораи таваккал» ба таври расмӣ ифтитоҳ шуд.

 

Лоиҳаи мазкур дар доираи таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея амалӣ карда шуда, дар он роҳбарият ва дигар масъулини Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Корея иштирок намуданд.

 

Зикр шуд, ки татбиқи лоиҳаи низоми идораи таваккал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2019-2021 дар асоси Созишнома дар бораи содагардонии расмиёти савдои Созмони умумиҷаҳонии савдо вобаста ба расонидани кумаки техникӣ аз ҷониби кишварҳои мутараққӣ ба кишварҳои рӯ ба рушд амалӣ карда шудааст.

 

Дар асоси созишномаҳои дуҷониба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Корея ёрии техникӣ барои Тоҷикистон ба маблағи 4,2 миллион доллари амрикоӣ кореягӣ тасдиқ ва ҷудо гардид.

 

Дар натиҷаи заҳматҳои мутахассисон муяссар гардид, ки зерсистемаи «Идораи таваккал» расман ба истифода дода шавад. Таъкид гардид, ки ифтитоҳи расмии «Системаи идораи таваккал» шароити мусоидро дар самти суръатбахшии барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукӣ, ҳисоби дуруст ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ фароҳам оварда, боиси афзоиши ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ мегардад. Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Системаи идораи таваккал» давраҳои омӯзишӣ барои мутахассисони мақомоти гумруки Тоҷикистон, аз ҷумла дар Корея ва Тоҷикистон марҳила ба марҳила роҳандозӣ гардида буд.

 

Дар маросими ифтитоҳи «Системаи идораи таваккал» намояндаи ширкати «DATA World CoL/td» доир ба марҳилаҳои татбиқи лоиҳа, сиситемаи идораи таваккал, ҳадаф, афзалият ва дурнамои он табодули назар намуданд.

 

Ҳамчунин дар доираи муаррифии лоиҳаи мазкур мулоқоти дуҷонибаи хадамотҳои гумруки Тоҷикистону Корея баргузор гардид.

 

Мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея тасмим гирифтаанд, ки ҳамкориро дар самти мубодилаи электронии маълумот тавассути баимзорасонии созишнома ба роҳ монанд. Ҷонибҳо ба сатҳи ҳамкории гумрукии Тоҷикистон ва Корея баҳои баланд дода, ҳавасмандии худро дар самти мукаммалгардонии Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо назардошти ба истифода додани системаи идоракунии таваккал ҳамчун асоси густариши ҳамкории дуҷониба баён доштанд.

 

Роҳбарони ҳайатҳои гумрукии Тоҷикистон ва Корея дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкории судманд вохӯриро ба анҷом расонида, ба мувофиқа расиданд, ки Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея мизбони вохӯрии 3-юми роҳбарони Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Корея хоҳад гардид.

 

Инчунин ҳайати мақомоти гумруки Корея аз дидбонгоҳи гумрукии «Терминал»-и Душанбе боздид намуда, бо ҷараёни кори низоми идораи таваккал шинос гардиданд.

 

Роҳандозӣ гардидани низоми идораи таваккал дар доираи ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея дар ҳолест, ки ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар сатҳи дахлдор ташаккул ёфта, соли 2020 гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Тоҷикистону Корея 53,5 миллион доллари амрикоиро ташкил намуд.

 

Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019-ум 19,6 миллион доллари амрикоӣ ё 58 фоиз зиёд мебошад. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Корея ба 29,6 миллион доллари амрикоӣ баробар гардидааст. Воридоти бештари молҳоро аз Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолию технологӣ, маҳсулоти фармасевтӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар намуди молу маҳсулот ташкил менамояд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: