ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Хадамоти гумрук

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 30 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони мақомот, инчунин намоянда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенати хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, ворид намудани Парчами давлатро ба маҷлисгоҳ амр намуда, маҷлиси тантанавиро бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода эълон кард, ки бо садо додани Суруди миллӣ чорабинии тантанавӣ ҳусни оғоз пайдо намуд.

Сипас, Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар бо камоли эҳтиром сухани табрикотиро бахшида ба ин санаи муҳим ба Сардори Хадамоти гумрук, генерал – лейтенанти хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон пешкаш намуд.

Каримзода Хуршед Абдураҳмон аҳли нишастро бо ин ҷашни пуршукӯҳи миллӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки дастоварди боарзиштарине, ки халқи тоҷик дар масири даҳ асри охир ба он соҳиб шудааст, Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

“Давлатдории мо – тоҷикон дар ҷои хушку холӣ ба вуҷуд наомада, балки таърихи чандинҳазорсола дорад. Саҳифаҳои таърихи миллати мо ва мардумони Осиё далолат ба мавҷудияти аҷдодони баору номус ва далеру ғаюри тоҷикон дар ҳазораи якуми пеш аз мелод ва ҳазораи якуми мелодӣ мекунанд. Хусусан далерию қаҳрамонӣ ва давлатдории Курӯши Кабир аз сулолаи Ҳахоманишиҳо дар асри 6-и пеш аз мелод ва ташкили як давлати мутамарказ дар асри 10-и мелодӣ аз ҷониби намояндаи сулолаи Сомониён Шоҳ Исмоил гувоҳи возеҳи гуфтаҳои болост.

Миллати шарифи тоҷик дар асри 20, дар ҳайати Давлати Шӯравӣ низ соҳиби сарзамин ва ҳудуди муайяни худ буд, аммо бидуни озодии сиёсӣ ва иқтисодӣ. Агарчи ношукрӣ хоси тоҷикон нест, вале воқеияти вақт ба манфиати миллат ва рушду тараққиёти ӯ набуд.

Ба ҳар ҳол, охири асри 20 ба миллати азияткашидаву сарбаланди мо Санаи фархундапайи 9-уми сентябри соли 1991-ро эҳдо намуд, ки он тавассути қабул шудани Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми маҳбубтарин ва муқаддастарин ҷашни миллиро касб кард.

Аз ин ҷост, ки тоҷикони озодаву озодипараст ҳамасола, сарфи назар аз вазъияту воқеият, ин Рӯзи муқаддасро дар Ватан ва ҳатто берун аз марзҳои он, дар сарзаминҳои дури ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва қалбҳои пур аз меҳру садоқат таҷлил мекунанд. 

Бояд қайд намуд, ки баъд аз ҳазор сол тоҷикон соҳиби давлат шуданд. Бори охир мардуми тамаддунофари тоҷик нашъаи давлатдориро дар аҳди Сомониён чашида буданд. Ва инак соли 1991 имкони таърихӣ фароҳам омад, ки тоҷикон соҳиби давлат ва шаъну шарафи миллӣ гарданд.

Бо гузашти кариб се даҳсола мо амиқан дарк кардем, ки Истиқлолият яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик буда, бо ҷонфидоӣ ва азхудгузаштагии Роҳбари давлат ба даст омадааст, ки имрӯз ҳифзи ин арзиши муқаддаси миллӣ вазифаи ҳар як тоҷики худогоҳу худшинос аст. Бо назардошти ин, сиёсатмадорони бузурги олам ва коршиносони низоъҳои байналмилалӣ Пешвои миллати моро ҳамчун «Меъмори сулҳ» эътироф кардаанд.

Таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бумбасти комуникатсионӣ ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, ки аҳамияти бузурги иҷтимоӣ ва иртиботиву иқтисодӣ доштанд, дар сархати барномаҳои ҳукуматӣ қарор гирифт, ки имрӯз самараҳои неки онро бо чашми худ мебинем. Ба таъбири дигар, Истиқлолият, ки сарҷамъиву муттаҳидии миллати моро таъмин намуд, ба фазои орому амн, рушди бесобиқаи соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дар ин росто, ба бунёди иншоотҳои бузурги ҳаётан муҳим замина гузошт.

Тавре зикр гардид, таҷлили навбатӣ одию муқаррарӣ нест. Зеро ба Ҷашни имсола – Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагиҳо ба таври ҷиддӣ ва дар сатҳи баланди давлатӣ ҳанӯз соли 2017, яъне беш аз се сол пеш, бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ шуда буданд. 

Чунончи 17 декабри соли 2017 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид, ки дар заминаи он Кумитаи тадорукоти ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ шуданд.

Мутобиқи талаботи санадҳои болозикр ва бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши Хадамоти гумрук аз 20 марти соли 2018, №55-ф « Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки дар доираи он ҷиҳати ободу зебо гардонидани иншооту биноҳои маъмурии мақомоти гумрук корҳои ободонию бунёдкорӣ ба роҳ монда шуда, иҷрои як қатор чорабиниҳо ба анҷом расонида шуд.

Аз ҷумла, биноҳои маъмурии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ва Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе мавриди тармиму таҷдид қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, сохтмони биноҳои замонавӣ дар Гумруки “Мурғоб”-и ноҳияи Мурғоб ва дидбонгоҳи гумрукии “Регар”-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода ба анҷом расида, ба истифода дода шуданд.

Дар арафаи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, сохтмони дидбонгоҳи гумрукии «Уротеппа»-и ноҳияи Истаравшан ва дидбонгоҳи гумрукии «Навбунёд»-и ноҳияи Ашти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд пурра ба анҷом расида, бо тамоми таҷҳизотҳои назоратӣ таъмин гардида, аз ҷониби Комиссияи қабули давлатӣ барои истифодабарӣ қабул карда шуд.

Дар баробари корҳои сохтмонию созандагӣ, дар ин давра, мақомоти гумруки ҷумҳурӣ ба таҳия ва қабули нахустин Номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тафсири Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил гардида, бо ҷорӣ намудани низоми миллии “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба истифода додани зерсистемаи такмилдодашудаи Идораи таваккал дар рушди тиҷорати хориҷӣ ва содагардонии расмиёти савдо саҳми сазовор гузошт.

Дар асоси Мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин аз тарафи мутахассисони чинӣ дар дидбонгоҳҳои гумрукии ҷумҳурӣ таҷҳизотҳои муоинаи гумрукӣ иборат аз 8 (ҳашт) номгӯй, 146 адад ва маблағи 210, 8 млн. юани хитоӣ (тақрибан 30 млн. доллар) насб гардида, кормандони дидбонгоҳҳо бо тарзи кории онҳо омӯзонида шуданд.

Мақомоти гумруки ҷумҳурӣ, ки зодаи Истиқлол аст, дар ин давра беш аз 60 созишномаҳои ҳамкории дуҷониба ва беш аз 100 созишномаҳои бисёрҷониба бо мақомоти гумруки кишварҳои дуру наздик ба имзо расонида, баҳри амалӣ кардани меъёрҳои муқарраршуда ҳамарӯза фаъолияти босамар мебарад.

Рӯйхати оварда танҳо қисме аз дастовардҳову корҳои созандагии мақомоти гумрук дар солҳои охир буда, муваффақиятҳои мақомот тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бешумор арзёбӣ мегарданд.

Истиқлол, дар маҷмӯъ, барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд.

Соҳибистиқлолӣ ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳи нав бахшида, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро ба зинаи нав бардошт.

Тайи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ қадамҳои устувор гузошт.

Ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллиамон ҳамаи заминаҳои заруриро фароҳам овардем.

Ва дар як давраи начандон тӯлонии таърих даҳҳо лоиҳаи ҳаётан муҳимми саноативу энергетикӣ ва иҷтимоиро татбиқ карда, ҳазорҳо километр роҳҳои замонавӣ ва нақбу пулҳо бунёд намудем, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба манфиати мардуми шарифи Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.

Бо вуҷуди мушкилоти зиёди солҳои гузашта, аз ҷумла буҳронҳои шадиди молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ дар робита ба бемории сироятии коронавирус мо муваффақ шудем, ки иқтисодиёти кишварро ба маҷрои рушди устувор равона созем.

Дар солҳои охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то ба 80 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт.

Ҳаҷми умумии даромади буҷет дар соли 2020 бошад, ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки дар он саҳми мақомоти гумрук бузург арзёбӣ мегардад. Махсусан дар ду соли охир, ки бемории сироятии коронавирус ҷаҳонро фаро гирифтаву таъсири манфии он ба иқтисодиёти мамолики дунё назаррас гаштааст, мақомоти гумруки ҷумҳурӣ тавонистанд, ки аз нақшаҳои пешбинишудаи воридшавии пардохтҳои гумрукӣ садҳо миллион сомонӣ маблағҳои барзиёду иловагӣ ҷамъоварӣ намоянд. Натиҷаи ҳамин заҳматҳо буд, ки дар ҷамъбасти фаъолияти соли 2020 ва нимсолаи якуми соли ҷорӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кори мақомот изҳори қаноатмандӣ карданд.

Беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сархати фаъолияти ҳаррӯзаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, тавре ки ҳамватанони азизамон эҳсос мекунанд, ин сиёсат бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо устуворона идома дорад.

Дар зарфи 30 сол мо ба ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ диққати аввалиндараҷа дода, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ ба камол расонидем ва имрӯз дилпурона гуфтан мумкин, ки дар қалби онҳо муҳаббати Тоҷикистони азиз нақши устувор пайдо кардааст.

Ҳоло мо метавонем бо ифтихору сарфарозӣ эълон кунем, ки дастовардҳои истиқлоли давлатӣ беназиранд.

Истиқлолу озодӣ, истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ ва ваҳдати миллӣ роҳи моро ба сӯи амалӣ гардонидани дигаргуниҳои бунёдии ҷамъиятиву сиёсӣ боз намуд.

То имрӯз давлати мо бо зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатиро роҳандозӣ намуда, бо онҳо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро тақвият мебахшад ва пайгирона густариш медиҳад.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имкон дод, ки миллати куҳанбунёди тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиву дастовардҳои назаррас ва бесобиқа шарафёб шавад. Муҳимтарин талабе, ки имрӯз дар назди ҳар сокини баномусу ватандӯсти кишвари мо қарор дорад, бо назари қадрдонӣ ба Ватани худ, миллати худ, Пешвои муаззами худ нигаристан мебошад, зеро танҳо бо чунин тарзи муносибат роҳи дурахшонтару ояндаи беҳтарро сохтан мумкин аст”, - таъкид дошт Хуршед Каримзода.

Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода ва муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон дар навбати худ ҳозиринро бо ин санаи муқаддас таҳният гуфта, қайд намуданд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол кишвари сулҳхоҳ аст ва моро зарур аст, ки баҳри ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлол ҳамеша омода бошем. Зеро таърих собит намудааст, ки ба даст овардани Истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад ва ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои Истиқлолият кори аз он ҳам душвор аст. Таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ҳимояи манфиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва ҳифзи якпорчагии он самти афзалятноки фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад.

Гумрукчиёни ҷавон, аз қабили нозири калони Шуъбаи иттилоотӣ, Бунафша Раҳмонова, нозири калони Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ, Зафари Саидқул дар навбати худ оид ба моҳияти таърихиву сиёсии ин ҷашни давлатӣ ибрози назар намуданд.

Сипас, сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаш нафар корманди Хадамоти гумрукро бо мукофоти давлатӣ сарфарз гардониданд.

Ёдовар мешаем, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ду нафар корманди Хадамоти гумрук бо рутбаҳои навбатии “генерал-майори хадамоти гумрук” сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин, Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук, Шерализода Хуршед бо медали “Барои ҳамкорӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар аз кормандони соҳаро, бо медали ҷашнии “10 – солагии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ки аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тақдим карда шуд.

Инчунин, Латифзода Асрор аз номи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шаш нафар корманди Хадамоти гумрукро бо “Ифтихорнома”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардониданд.

Дар идомаи ҷашни тантанавӣ аз ҷониби сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – лейтенанти хадамоти гумрук, Каримзода Хуршед Абдураҳмон ба як қатор кормандони мақомот барои саҳми назаррасашон дар соҳа, мукофоти соҳавӣ – нишони сарисинагии “Аълочии Хадамоти гумрук”, “Ифтихорнома”, “Раҳматнома”, “Рутбаҳои махсуси навбатӣ” ва мукофотҳои пулӣ супорида шуд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: