ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук бо Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 августи соли 2021 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии арзи адаб бо намояндагонии тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур, Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Коренков Евгений Анатолевич, Муовини Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корнаухов Егор Юриевич, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сулҳия Мирзошоева ва сарнозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Хадамоти гумрук Шодиев Сафар Раҳматуллоевич иштирок намуданд.

Турсунзода Азим Ҳайдар ҳузури меҳмононро хайра мақдам гуфта, иброз доштанд, ки Тоҷикистон ва Россияро таърихан муносибатҳои чандинасраи дӯстона ба ҳам мепайвандад. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистону Федератсияи Россия миёни ҳамёрони асосии кишвар дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар созмонҳою ташкилотҳои байналмилалӣ мавқеи хоса дошта, чун шарики асосии стратегӣ эътироф шудааст.

Дар рафти мулоқот масъалаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо аҳамияти хос ба раванди гардиши тиҷорат байни ҳамдигар дода, Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук иброз доштанд, ки аз натиҷаи таҳлилҳо бармеояд гардиши тиҷорат миёну ду кишвар дар солҳои охир ба тадриҷ афзуда истодааст. Қайд карда шуд, ки новобаста аз хурӯҷи бемории сироятии COVID-19, гардиши моли миёни ду давлат рӯ ба афзоиш дорад.

Дар рафти вохӯри Турсунзода А.Ҳ. ёдовар гардиданд, ки ҳамкориҳо миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумрукӣ Федератсияи Россия дар доираи якчанд Созишномаҳои байниҳукуматию байниидоравӣ ба роҳ монда шудааст.

Таъкид гардид, дар илова ба созишномаҳои басташуда миёни давлатҳо ва мақомоти гумрук Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба татбиқи мутақобилаи системаи электронии сертификатсияи истеҳсолии мол дар вохӯриҳои дар пеш истодаи сатҳи олии кишварҳо ба имзо расонида хоҳад шуд. Ин ҳам бошад шаҳодат аз он медиҳад, ки мақомоти гумруки ду кишвар мекушанд, то ин ки шароити муфид барои шарикони тиҷоратии ҳамдигар фароҳам оранд. Бо мақсади барраси намудани механизми роҳандозии он санаи 5 марти соли 2021 вохўрӣ бо масъулини Намояндагии Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.

Ҳамкориҳои судманд миёни ду давлат далели рушди собитқадамона ва таҳкимбахши муносибатҳои шарикии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия арзёби гардида, бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидан ба муносибатҳои дӯстона ва тавсеаи ҳамкориҳои судманд дар пешбурди тиҷорати миёни ҳамдигарӣ соли 2018 Намояндагии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, инчунин, намояндагии Хадамоти федералии гумрукӣ Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон амал кардаистодаанд, ки шаҳодат аз таваҷҷӯҳи хосаи Роҳбарони давлатҳо дар пешбурди фаъолияти гумрукӣ мебошад.

Дар фарҷоми вохӯри ҷонибҳо ба иттифоқ уфтоданд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Намояндагии Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам ривоҷ дода шаванд ва барои рафъи масъалаҳое, ки ба гардиши тиҷорат миёни ду кишвари дӯст монеа мегарданд сари вақт ҳалу фасл карда шаванд.

Маврид ба зикр аст, ки Федератсияи Россия шарики асосии тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳиссаи он дар тавозуни савдои Тоҷикистон бениҳоят назаррас буда, ташкили чунин вохӯриҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳои шарикӣ такони тозае бахшида, дар рафти онҳо механизмҳои суръатбахшии раванди иҷрои қарордодҳои басташуда миёни ду давлат муайян гардида, ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзун додани гардиши мутақобилаи савдо, рушди ҳамкорӣ дар гардиши тиҷорати миёни ду кишвар такони наве хоҳад дод.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: