ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави дидбонгоҳи гумрукии “Регар” дар шаҳри Турсунзода

26 июни соли 2021 бинои дидбонгоҳи гумрукии “Регар”-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода, ки бо тарҳи наву замонавӣ бунёд гардид, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳти иншооти зикргардида, Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони шаҳри Турсунзода, инчунин, ҳайати шахсии дидбонгоҳи гумрукии “Регар”-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода иштирок нумуданд. 

 

Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар зимни ифтитоҳи бинои мазкур иброз дошт, ки “Басо рамзӣ ва боиси ифтихор аст, ки дар арафаи таҷлили 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ин иншооти наву бо тарҳи муосир сохташуда – бинои дидбонгоҳи гумрукии “Регар”-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзодаро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳем.

Бинобар ин, пеш аз ҳама, Шумо ҳозирини гиромӣ ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми шарифи Ватани азизамонро бо ин санаи фараҳбахш самимона шодбош мегӯям.

Гузашта аз ин, моро дар соли равон таҷлили бузургтарин ҷашни миллӣ – 30-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеш аст.

Қобили қайд аст, ки ҳанӯз 17 декабри соли 2017 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида буд, ки дар заминаи он Кумитаи тадорукоти ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ таҳия ва тасдиқ шуданд.

Мутобиқи талаботи санадҳои болозикр ва бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши Хадамоти гумрук аз 20 марти соли 2018, таҳти №55-ф “Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид, ки дар доираи он ҷиҳати ободу зебо гардонидани иншооту биноҳои маъмурии мақомоти гумрук корҳои ободонию бунёдкорӣ ба роҳ монда шуда, аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамот иҷрои як қатор чорабиниҳо ба анҷом расонида шуд.

Аз ҷумла, гирду атроф ва саҳни бинои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук таъмиру мумфарш карда шуда, намои бинои дидбонгоҳи гумрукии “Дӯстӣ” бо тарҳи замонавӣ азнавсозӣ гардид. Инчунин, намои бино ва гирду атрофи бинои маъмурии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо тарҳи замонавӣ азнавсозӣ гардида, сохтмони бинои дуошёнаи Гумруки “Мурғоб”-и ноҳияи Мурғоб анҷом ёфта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Утоқҳои кории бинои маъмурии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар ҳудуди Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд маҷлисгоҳ барои 150 нафар ва майдончаи варзишӣ бо тарҳи замонавӣ сохтаву мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ин радиф намои бинои маъмурии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд бошад, аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки айни замон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, бо дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ корҳои омӯзишӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони 5 дидбонгоҳи гумрукӣ дар марз бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла дидбонгоҳҳои гумрукии “Зафаробод” дар ноҳияи Зафаробод, “Навбунёд” дар ноҳияи Ашт, “Ҳаштяк” дар ноҳияи Спитамен, “Равот” дар шаҳри Конибодом ва “Уротеппа” дар шаҳри Истаравшан, ки тавассути онҳо рафтуомади шаҳрвандон ва интиқоли молу воситаҳои нақлиёт дар ин гузаргоҳҳо бештар аст, амалӣ гардида истодаанд.

Дар ҳолати имрӯза бошад, сохтмони дидбонгоҳи гумрукии “Уротеппа”-и ноҳияи Истаравшан ва дидбонгоҳи гумрукии “Навбунёд”-и ноҳияи Ашти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд пурра ба анҷом расида, бо тамоми таҷҳизотҳои назоратӣ таъмин гардида, иншооти мазкур аз ҷониби Комиссияи қабули давлатӣ барои истифодабарӣ қабул гардидаанд.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки дар давоми соли 2021 аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба ҳамкории фаромарзӣ тавассути идоракунии босамари сарҳадоти Тоҷикистон бо Афғонистон”, корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯии дидбонгоҳи гумрукии “Кокул”-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон пурра ба анҷом расида, оғози сохтмони иншооти зикргардида дар нимсолаи дуюми соли равон бо маблағгузории Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ “JICA” ба нақша гирифта шудааст.

Тавре дар боло ишора шуд, ҳамаи ин корҳои созандагию бунёдкорӣ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, дастовардҳои зикргардида ва чорабиниҳои ба нақша гирифташуда дар самти фаъолияти мақомоти гумрук ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дар партави сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти маҳбуби мамлакат рӯи кор омада истодаанд”.

Маврид ба зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар дидбонгоҳи гумрукии “Регар”-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода дар соли 2020 оғоз гардида, он дар масоҳати умумии 200 (дусад) метри мураббаъ бо тарҳи нави меъморӣ ва истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ, бо сифати баланди сохтмонӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ, бунёд гардидааст. Бинои мазкур бо масоҳати умумии 320 метри мураббаъ аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум шаш утоқи корӣ барои кормандон, утоқи корӣ барои қисми навбатдорӣ ва дар ошёнаи дуюм се утоқи корӣ барои кормандон ва як маҷлисгоҳ ҷойгир карда шудаанд. Ҳамаи утоқҳои корӣ бо таҷҳизотҳои зарурӣ ва мизу курсиҳои наву замонавӣ таъмин буда, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз оро дода шуда, саҳни он сафолакпӯш гардидааст.

Сохтмони бинои мазкур аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии таъмирию сохтмонии Хадамоти гумрук бо маблағи 1 600 000 (як миллиону шашсад ҳазор) сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: