ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Натиҷаҳои мусобиқаи варзишӣ дар Хадамоти гумрук

Дар доираи мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, шашка, шоҳмот, тенниси рӯимизӣ ва вазнбардорӣ, байни воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук бахшида ба ҷашни байналмилалии “Наврӯз - 2021”, бо ташабуси сардори Хадамоти гумрук, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Хуршед Каримзода бо мақсади рушди варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсии мақомоти гумрук, мусобиқаи варзишии даставӣ баргузор гардид.

 

 

 

 

Табиист, ки варзиш як навъи тарбияи ҷисмонӣ ва ҳамзамон тарбияи руҳию маънавии инсонҳост. Варзидан ба чизе ё иқдом ба коре аз инсон нерӯи ҷисмонию зеҳниро тақозо менамояд.

 

Новобаста ба давру замон, шароити таърихӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, варзиш яке аз шуғлҳои асосии одамон ба шумор мерафт ва доимо такмил ва рушд меёфт, зеро «Тани солим-рӯҳи солим» гуфтаанд.

 

Бо ин мақсад, баҳри такмили маҳорату малакаи варзишӣ, омодагии ҷисмонӣ, аз санаи 2 то 3-юми апрели соли ҷорӣ, гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ байни 6 дастаи воҳидҳои сохтории минтақавии Хадамоти гумрук доир шуд. Мусобиқаи мазкур тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар майдони хурди футболбозии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ва дар толори варзишии бинои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук доир шуд.

 

Аз ҷараёни мусобиқаҳо маълум гардид, ки варзишгарон бо тайёрии хуб ҳозир шуда, тавонистанд, ки дар қувваозмоиҳо малакаю маҳорати хешро нишон диҳанд.

 

Пас аз нишон додани малакаю маҳорати баланди варзишӣ ғолибони мусобиқаи варзишии даставӣ муайян карда шуд.

 

Ҳамин тариқ, баъди вохӯрии ниҳоӣ дар мусобиқаи варзиши оид ба футболи хурд, дастаи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ғолиби ҷойи аввал гардида, мартабаи дуюм ба дастаи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ ва ҷойи сеюм ба дастаи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон лоиқ дониста шуд.

 

Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба шашка миёни бонувон ҷойи аввалро Назариён Умедаи Рустамзода аз дастаи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук соҳиб шуда Нарзуллоева Мунаввара Насруллоевна аз дастаи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук сазовори ҷойи дуюм ва намояндаи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Самадова Меҳрангез Исмонқуловна соҳиби мақоми сеюм гардиданд.

 

Ҳамин тариқ, дар мусобиқаи варзишӣ оид ба шоҳмот ҷойи аввалро Бобоев Хуршед Тошбоевич аз дастаи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе касб намуда, мақоми дуюм насиби Соибов Дилшод аз дастаи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва ҷойи сеюм лоиқи намояндаи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук Эмомзода Баҳриддин Сайнуриддин дониста шуд.

 

Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба тенниси рӯимизӣ бошад, ҷойи аввалро Ниёзализода Фирӯз аз дастаи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, зинаи дуюмро Нусратуллозода Абдулҳаким аз дастаи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ва ҷойи сеюмро намояндаи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук Саидзода Абдусалом ишғол намуданд.

 

Инчунин, дар мусобиқаи варзишӣ оид ба вазнбардорӣ ҷойи аввалро Шамсов Баҳриддин Наҷмиддинович аз дастаи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук соҳиб шуда Каримов Абдусаттор аз дастаи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук сазовори ҷойи дуюм ва ду нафари дигар аз Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук Абдуллоев Хайрулло Иброҳимович ва аз Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук Ибодов Шоҳрух Маҳмадуллоевич мақоми сеюмро касб намуданд, ки сазовори «Ҷоми Хадамоти гумрук» гардида бо мукофоту дипломҳо сарфароз шуданд.

 

Инчунин, бо мақсади рушди варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17-18 марти соли ҷорӣ дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи интихобӣ оид ба гӯштини Дзю-До (ҷудо) байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

 

Дар чорабинии мазкур капитани хадамоти гумрук Зикруллоев Муҳаммадшариф Раҳматуллоевич, сарнозир - сармуҳаррири маҷаллаи «Гумрук» ва лейтенанти калони хадамоти гумрук Шамсуллоев Рустам Абдусамадович - нозири калони Дидбонгоҳи гумрукии «Душанбе-1» - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҷойи якумро ишғол намуда, бо диплом сарфароз гардонида шуданд.

 

Дар воқеъ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҳама вақт барои инсон аҳамияти муҳим дошта, яке аз омилҳои асосии тандурустӣ ва ташаккули шахсияти ҷисман ва рӯҳан солим ба шумор меравад.

Зеро, варзиш гарави саломатӣ буда, дар баробари ба инсон нерӯ бахшидан, инчунин заминаи мусоиде барои дӯстиву рафоқат муҳайё месозад.

Кормандони Хадамоти гумрук ба нақша гирифтаанд, ки минбаъд низ дар чунин мусобиқаҳои пурнуфӯз иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гарданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: