ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тартиби истифодаи Барномаи TIR-ERD ва мубодилаи маълумоти электронии Китобчаи ББА

5 феврали соли 2021 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ ҷиҳати татбиқи муқаррароти Созишномаи сетарафа баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур, Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, Муовини раиси Ассосиатсияи “АВВАТ” Боймурод Эшонов, намояндаи Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ Вахтанг Зарандия ва кормандони масъули мақомоти гумруки Тоҷикистон иштирок намуданд.

 

Дар оғози мулоқот Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар ташрифи меҳмононро ба Хадамоти гумрук хайрамақдам гуфта, барои ҳамкориҳои мутақобилаи судманд арзу сипос намуд.

Номбурда афзуд, ки “Созишномаи сетарафа миёни Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (ИБНА), Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиасияи боркашонҳои байналмилалии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон “АВВАТ” аз 21 ноябри соли 2015 ва дигар санадҳои баимзорасидаи тарафҳо, бо мақсади мавриди амал қарор додани Барномаи TIR-ERD ва риояи декларатсияи электронии пешакии Китобчаи ББА тавассути Портали гумруки TIR-ERD Фармоиши Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №Ф-14 аз 4 феврали соли 2021 ба тасвиб расид.

 

Тибқи Фармоиши мазкур “Тартиби истифодаи Барномаи TIR-ERD ва мубодилаи маълумоти электронии Китобчаи ББА” аз ҷониби кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи иҷрои он дар воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби сардорони Раёсатҳои минтақавии гумрукӣ бояд таъмин карда шавад ”.

 

Маврид ба зикр аст, ки “Тартиби истифодаи Барномаи TIR-ERD ва мубодилаи маълумоти электронии Китобчаи ББА бо мақсади амалӣ намудани талаботи санадҳои номбаршуда ҷиҳати мавриди амал қарор додани Барномаи TIR-ERD ва риояи декларатсияи электронии пешакии Китобчаи ББА тавассути Портали гумрукии TIR-ERD таҳия гардида, низоми истифодабарии маводҳои дар банди 1.1 номбаршударо ба танзим медарорад ва вазифаҳои кормандони мақомоти гумрукро муайян менамояд.

 

Барномаи TIR-ERD ин таъминоти барномавии ба системаи иттилоотии гумрук ҳамгирогаштаи мувофиқ, барои мубодилаи автоматии иттилоотии электронӣ оиди расмиёт байни ИБНА ва мақомоти гумруки ҳамаи давлатҳои аҳдкунандаи Конвенсия ББА (TIR) буда, ба ширкатҳои нақлиётии байналмилалӣ (дорандагони Китобчаи ББА) имкон медиҳад, ки дар як қадам (клик) ба ҳамаи мақомотҳои гумрукии кишварҳои хатсайр маълумоти электронии пешакиро (TIR-ERD) дар бораи ҳамлу нақл равона созанд.

 

Бояд қайд кард, ки вобаста ба нишондодҳои Протоколи мазкур ифтитоҳи расмии системаи иттилоотии пешакии TIR-EPD дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалҳои соли 2021 ба нақша гирифта шуда, сафари кории мутахассисони СБНА (IRU) ба шаҳри Душанбе анҷом дода шуд.

Дар доираи сафар мутахассисони СБНА (IRU) якчанд семинар ва тренингҳои амалиро дар гузаргоҳи Дӯстӣ (ш.Турсунзода), ба роҳ монда, бо ишироки мутахассисони Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба мубодилаи таҷриба дар самти роҳандозии барномаи “TIR-EPD” ва гузаргоҳи сабз машғулиятҳои омӯзиширо доир намуданд.

 

Мувоқи қонунгузории ҷорӣ тартиби ҳамлу нақли байналмилалии молҳо бо истифодаи китобчаи ББА (Боркашонии Байналмилалии Автомобилӣ) бояд чунин сурат гирад:

1.Интиқолдиҳандагони автомобилӣ ҳамлу нақли байналмилалиро бо низоми соддагардонидашудаи ҳамлу нақли автомобилии байналмилалии молҳо дар асоси конвенсияи байналмилалии ББА иҷро карда метавонанд.

2. Carnet TIR (китобчаи ББА) –ҳуҷҷати гумрукии ҳамроҳикунанда мебошад, ки барои ҳамлу нақли борҳо дар бордонҳои (кузов) аз тарафи гумрук сурғучзада бо амалиётҳои соддагардондашудаи гумрукӣ ва бе пардохти боҷҳоамалӣ менамояд.

3. Китобчаҳои ББА (Carnet-TIR) ба интиқолдиҳандагон аз ҷониби мақоми ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда мешавад. Ҳуҷҷат дар шакли китобча бо варақаҳои ҷудошаванда ба расмият дароварда шуда, варақаҳои он ҳангоми гузаштан аз нуқтаи гумрукии навбатӣ ҷудо карда мешаванд.

4. Интиқолдиҳандагони автомобилӣ, ки ҳангоми ворид шудан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва убури транзитӣ аз китобчаи Carnet- ТIR истифода мебаранд, аз пардохт барои ҳамроҳикунии гумрукӣ озод карда мешаванд.

5. Барои гирифтани китобчаи ББА хуҷҷати шакли муқарраркардаи "Шаҳодатнома дар бораи иҷозат" истифода мегардад, ки онро ташкилоти ваколатдоршудаи Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (ИБНАIRU) медиҳад ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

 

Мақсади ҷорӣ намудани талаботи Конвенсияи гумрукӣ оид ба боркашонии байналмилалӣ бо истифодаи дафтарчаи TIR ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт қабулгардида, ин кам намудани монеаҳо дар хатсайри боркашонии байналмилалӣ, гузариши транзитӣ, кафолати расонидани бор то нуқтаи таъинот, таъмини пурраи пардохтҳои гумрукӣ ва риояи меъёрҳои вобаста ба вазну ҳаҷми бор ҷиҳати пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилии байналмилалӣ иборат мебошад.

 

 

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: