ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласа доир ба омӯзиши матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти гумрук

Дар маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Муродиён Абдумумин, сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук, полковники хадамоти гумрук, Қурбонов Қурбон, номзади илмҳои ҳуқуқ дотсент, мудири кафедраи «Ҳуқуқи нақлиёт ва истифодаи сарватҳои табии» - и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Шабонов Шоҳкарим, ассистенти кафедраи “Иқтисодиёт, ҳуқуқи соҳибкори ва тиҷорат”- и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, устодони Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ҷаласа баргузор гардид.

 

Ҷаласаро сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук Муродиён Абдумумин ҳусни ифтитоҳ бахшида, ташрифи меҳмононро ба Хадамоти гумрук хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки 26 январи соли 2021 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунгузори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуда буд, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат зикр карда гузашта буданд ва дар робита ба ин Паём, ҳамчунин нақшаи чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ таҳия гардида, ҳамаи вазорату идораҳо муваззаф гашта буданд, ки нақшаҳои идоравии хешро оид ба омӯзиши Паём ва амалӣ намудани супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасвиб намоянд.

 

Дар Хадамоти гумрук низ нақшаи чорабиниҳои мазкур мавриди иҷро қарор дорад ва дар заминаи он фармоиши Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои идоравӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 зикр гардидаанд” ба имзо расид ва 11 феврали соли 2021 ба қайд гирифта шуд, ки мутобиқи банди якуми нақшаи зикршуда, доир намудани чунин як ҷаласа оид ба омӯзиши матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда буд.

Сипас, сухан барои шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мудири кафедраи «Ҳуқуқи нақлиёт ва истифодаи сарватҳои табии» - и Донишгоҳи милии Тоҷикистон Қурбонов Қурбон дода шуд.

 

Номбурда зимни баромади хеш, қайд намуд, ки ки новобаста аз буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, ки бар асари бемории COVID-19 кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта, дар равобити иқтисодии байни кишварҳо монеаҳо эҷод намуд, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисоди кишвар устувор нигоҳ дошта шуд.

 

Ҳамчунин, номбурда оид ба буҷети давлатӣ, низоми бонкӣ, сармоягузории мустақим, саноат, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ ва соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ маълумоти муфассал дода, соҳаи ҳуқуқиро чун самти муҳим ва калидии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуданд.

 

Ҳамзамон, ассистенти кафедраи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шабонов Шоҳкарим доир ба барномаҳои давлатӣ, ки дар самти гуногун қабул гардидаанд, афзалиятнокии онҳо, инчунин озмунҳое, ки бо мақсади беҳтар кардани сифати таълим ва бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон гузаронида мешаванд, ба мисли озмунҳои «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» ёдовар шуда, саҳми хизмачиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар мавриди амал қарор гирифтани ин тадбирҳо муҳиму муассир арзёбӣ намуданд.

 

Сипас, Сангалӣ Назаров, нозири кафедраи “Иқтисодиёт, ҳуқуқ ва фанҳои махсус”- и Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук низ баромад карда, дар бораи тарбияи фарҳангиву ахлоқӣ ва ҳарбӣ – ватандӯстии кормандон махсус таъкид карда, оид ба пешгирии онҳо аз пайвастан ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ифротию тахрибкор ибрози андеша намуд.

 

Дар анҷом Муродиён Абдумумин ҷаласаро ҷамъбаст намуда, ба меҳмонон барои иштирок ва маърӯзаи пурмуҳтаво аз номи роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамот миннатдорӣ баён намуда, дар ҳаёти шахсӣ ва фаъолияти касбиашон барору сарбаландӣ ва комёбиҳои нав ба нав орзу намуда, ёдовар шуданд, ки намояндагони касбу корҳои гуногун дар пайёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат ҳатман нуқтаҳои муҳими фаъолияти худро пайдо мекунанд, дастуреро барои фаъолият то Пайёми дигар ба даст меоранд. Пайёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: