Субҳи имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти гумрук бахшида ба ҷашни Рӯзи Модар чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ сардори Хадамоти гумрук, генерал лейтенант Хуршед Каримзода, муовинон, сардорони раёсатҳо ва бонувон ширкат варзиданд.
Ҷашни бошукӯҳ бо суханронии сардори Хадамот ҳусни оғоз гирифт. Тамоми занону модарон ва гулдухтаронро бо фарорасии фасли зебои баҳор ва иди пуршукӯҳи модарон таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид доштанд: «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ҷаҳду талош намуда, эҳтироми модарро дар мадди аввал гузошта, иброз медоранд, ки модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд».
Ҳамчунин, қайд гардид, ки нақши модар махсусан, дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста мебошад. Аз ин рӯ, фаромӯш набояд кард, ки волидайн ва алалхусус, модарони имрӯза дар баробари ба камол расонидани фарзандони худ, ҳамзамон, таърихи ояндаи Ватани хеш, гузашта аз ин, таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд.
Сипас, сардори Раёсати таҳлил ва омори гумрукӣ Бӯрӣ Сармад, сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ, Зайдуллозода Изатулло, Комрон Абдураҳимов, корманди Раёсати ташкилию бозрасӣ ва Бунафша Раҳмонова, нозири Шуъбаи иттилоотии Хадамот суханронӣ намуда, занону модаронро бо ин санаи пуршукӯҳ табрику таҳният гуфтанд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


