Print

Баимзорасонии Созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Покистон дар самти фаъолияти гумрукӣ

Аз Муаллиф Қисмат: Рӯйдодҳои гумрукӣ Hits: 328

Имрӯз Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Имрон Ҳайдар ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Меҳмони олиқадрро сардори Хадамоти гумрук – Хуршед Каримзода Абдураҳмон ва муовини якуми сардори Хадамот – Турсунзода Азим Ҳайдар ба ҳузур пазируфтанд.

 

Миёни ҳар ду ҷониб вохӯрии судманд анҷом ёфт. Дар вохӯрӣ сардори Хадамоти гумрук, генерал – лейтенанти хадамоти гумрук Хуршед Каримзода суханронӣ намуда, ташрифи ҷаноби Сафир Имрон Ҳайдарро ба Хадамоти гумрук хайрамақдам гуфт.

 

Зимни баромади худ, Каримзода Х. қайд намуд, ки муносибатҳои бисёрҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар доираи Созмони ҳамкориҳои итисодӣ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони умумиҷаҳонии гумрук ба роҳ монда шудааст.

 

Изҳор дошт, ки Хадамоти гумрук ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ аз тамоми захираву имконоти мавҷуда истифода намуда, баҳри густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, ҳамкориҳои судманд минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.

 

Дар навбати худ, Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Имрон Ҳайдар барои пазироии самимӣ ба роҳбарияти Хадамоти гумрук миннатдорӣ намуда, изҳор дошт, ки ҷониби Покистон омода аст, дар рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд саҳмгузор бошад.

 

Сипас, аз ҷониби сардори Хадамоти гумрук – Хуршед Каримзода ва Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Имрон Ҳайдар Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ба имзо расид.

 

Созишномаи мазкур шароит фароҳам меорад, то мақомотҳои гумрукии тарафҳо имкони мубодилаи бевоситаи маълумотро миёни якдигар баҳри фаъолияти самаранок оид ба пешгирии вайронкунии қонунгузории гумрукӣ, гардиши ғайриқонунии мол, маводҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ки ба саломатии инсон ва ба иқтисодиёти кишварҳо хатари ҷиддӣ доранд, дошта бошанд.

 

Созишномаи болозикр бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020 маъқул дониста шуда, лоиҳаи он давоми солҳои 2019 – 2020 таҳия гардид. Вале бо сабаби домангир шудани вируси сироятии COVID-19 дар ақсои олам, имзо шудани он миёни ҷонибҳо ба таъхир афтода буд.

 

 Шоёни зикр аст, ки зимни баргузории ин чорабинӣ Каримзода Х. қайд намуд, ки Созишномаи мазкур, аввалин санади меъёрии ҳуқуқии дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ мебошад.

 

 

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон