ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тамошои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Имрӯз кормандони Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук дар толори он ҷамъ омада, дастаҷамъона Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро тамошо намуданд.

Зимни ироаи Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду равнақи соҳаи соҳибкорӣ ба ин самт афзалияти бештар дода, сабукиҳои зиёде ҷорӣ намуд. Кормандони мақомоти гумрук, ки яке аз ниҳодҳои калидӣ дар самти таъмини амнияти иқтисодӣ ба шумор меравад, аз ин сабукиҳои пешниҳоддамудаи Сарвари давлат хушнуд гардида, бар он боваранд, ки чунин сабукиҳо барои ҷалби соҳибкорон ва пурра гардидани буҷети кишвар мусоидат менамоянд.

 

Яке аз сабукиҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон қайд карданд, ин ҷорӣ намудани афв барои қонунинигардонии маблағҳо буд.

-Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ пешниҳод менамоям, ки соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблағҳо ва дигар дороиҳо афв гузаронида шавад, - иброз дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

Ҳамчунин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро вазифадор намуд, то барои аз байн бурдани ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳо таҳия намуда, онро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Дар баробари ин, оид ба ҷорӣ намудани расмиёти электронӣ дар самти фаъолияти соҳибкорӣ диққати махсус дода, иброз доштанд, ки роҳбарони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дигар вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки фаъолияти худро оид ба ҷалби сармояи мустақим, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, бахусус, ҷиҳати ҷорӣ кардани расмиёти электронии баррасӣ ва пешниҳоди иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ ва дар ин раванд бартараф намудани омилҳои субъективӣ густариш диҳанд.

 

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро боиси дастгирӣ медонад. Маҳз бо дастгирӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2020 “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” расман ба фаъолият оғоз намуд, ки дар назди Хадамоти гумрук фаъолият мекунад.

Мақсад аз таъсиси он содагардонии расмиёти савдои хориҷӣ, кам намудани вақт ва хароҷоти иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, зиёд шудани гардиши тиҷорати хориҷӣ ва даромади иловагӣ ба буҷет мебошад, ки мубодилаи ҳуҷчатҳоро аз шакли қоғазӣ ба электронӣ табдил дода, дар татбиқи ҳукумати электронӣ, сода ва шаффоф намудани расмиёти марбут ба танзими савдои хориҷӣ ва хизматрасонии давлатӣ, инчунин беҳсозии фазои соҳибкорӣ мусоидат менамояд.

 

Ҳадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми дастуру супоришҳои Сарвари давлатро, ки дар Паёми навбатиашон қайд намуданд, сари вақт иҷро намуда, кушиш ба харҷ медиҳанд, то дар самти фазои сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ дар мамлакат ва таъмини буҷа саҳми назаррас гузоранд.

 

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: