ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мақомоти гумрук 29 – сола шуд

Ҳамасола дар кишварамон 22 – январ ҳамчун Рӯзи кормандони гумрук таҷлил мегардад. Бахшида ба ин сана дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Сарвазир – Давлаталӣ Саид, ёрдамчии Президент оид ба масъалаи кадрҳо – Асадулло Раҳмон ва ҳамчунин, собиқадорони мақомоти гумрук ширкат варзиданд.

 

Маҷлиси тантанавиро сардори Хадамоти гумрук, Хуршед Каримзода ифтитоҳ намуда, маросими савгандёдкунии кормандони ба ин ниҳод ба тозагӣ ба кор пазируфта баргузор гардид. Сипас, муовини якуми Сарвазири мамлакат – Давлаталӣ Саид суханронӣ намуда, гумрукчиёни кишварро бо ин сана таҳнияту шодбош гуфт. Барои барзиёд иҷро намудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ минатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳар як корманди мақомоти гумрук расонда, таъкид намуданд, ки минбад низ барои босамар анҷом додани вазифаҳои ба зиммагузошта ҷаҳду талош намоед. Ҳамчунин, собиқадори мақомоти гумрук – Неъматбой Раҳматов аз пешрафти мақомоти гумрук ва ҷаҳду талоши кормандони он дар самти таъмини амнияти иқтисодӣ изҳори хушнудӣ намуда, бобати бурду бохти соҳа изҳори андеша намуд.

 

Пас аз он, ёрдамчии Президент оид ба масъалаи кадрҳо – Асадулло Раҳмон фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани рутбаи генерал – лейтенанти хадамоти гумрук ба Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрукро ба ҳозирин расонд ва Хуршед Каримзодаро бо рутбаи навбатӣ шодбош гуфт.

 

Ҳамчунин, намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ низ суханронӣ намуда, барои ҳамкориҳои судманд ва мутақобила бо мақомоти корҳои дохилӣ, саҳми арзанда дар таъмини тартибот ва бехатарии ҷамъиятӣ суботу оромии кишвар, мубориза бар зидди ҳама намуди ҷиноят ва бахшида ба таҷлили ҷашни 29 – солагии мақомоти гумрук як қаттор аз кормандони мақомоти гумрукро бо медали ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои ҳамкорӣ» аз номи Вазири корҳои дохилӣ – Рамазон Раҳимзода сарфароз гардонид.

 

Дар баробари ин, бо фармоишҳои сардори Хадамоти гумруки назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва ба муносибати ин ҷашни пуршукӯҳ, роҳбарият ва кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳо, ифтихорнома, сипосномаву раҳматнома, медали ҷашнии “25-солагии мақомоти гумрук”- и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо нишони сарисинагии “Аълочии хадамоти гумрук ” қадрдонӣ шуданд.

 

 

 

 

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои олии кишвар, ки дар онҳо кафедраҳо бахшида ба самти иқтисоду гумрук фаъолият менамоянд ва инчунин дигар ташкилоту корхонаҳо ҳамкориашро ба роҳ монда, ба хотири ҳамкориҳои судманд мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ва муаллифи Тафсири Кодекси гумрук, инчунин гурӯҳҳе аз устодони донишгоҳҳои молия ва иқтисод, тиҷорат, ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо медали «Барои таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ» сарфароз намуд, ки барои омода намудани кадрҳои баландихтисос саҳми назаррас гузоштаанд.

 

 

Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои калидӣ дар самти ғанӣ гардондани Буҷети давлатӣ маҳсуб ёфта, дар самти танзими фаъолияти иқтисоди хориҷии мамлакатамон нақши муҳим мебозад.

 

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: