ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук доир гардид, ки дар кори он сардорони воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук, намояндагони мақомотҳои иҷроия ва аҳли тиҷорат иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур оид ба масъалаҳои ташкилии фаъолияти Шӯро ва натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумрук дар соли 2020, «Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ» ҳамчун падидаи нав дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муаррифии низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдии пардохтҳои гумрукӣ ва ҷамбасти натиҷаҳои ҷаласа, мавриди баррасии аҳли нишаст қарор дода шуд.

Ҷаласаро Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар кушода эълон намуд.

 

Турсунзода А.Ҳ. оид ба натиҷаҳои назаррасе, ки дар рафти фаъолияти пурсамар новобаста аз вазъи пандемияи ба ҳама маълум, давоми соли 2020 Хадамоти гумрук сарбаландона ба онҳо ноил гардид, мухтасар маълумот пешниҳод намуд.

Зикр карда шуд, ки баъд аз анҷом ёфтани давраи пилотии низоми «Равзанаи ягона», ки моҳи ноябри соли 2019 оғоз гардида буд, пас аз нигаронии чандинсола, ниҳоят бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, таҳти №410 аз 1 сентябри соли равон низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” мавриди истифодаи расмӣ қарор гирифт.

Низоми «Равзанаи ягона» пешниҳоди то 22 адад ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро тариқи электронӣ аз ҷониби 11 мақомоти ваколатдор мутаҳид намуд.

Бояд қайд кард, ки санаи 1 сентябри соли 2020 дар Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” маросими оғози расмии ҷорисозии Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарони вазорату идораҳои ба низом шомилшуда, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок карданд.

Ба ҳолати 01 декабри соли 2020 дар низоми “Равзанаи ягона” беш аз 1100 истифодабаранда ба кайд гирифта шуда, аз тарафи онҳо ба мақомоти ба низом шомилшуда 7500 адад дархостҳои шаклаш ягона ирсол гардидаанд. Дар натиҷаи баррасӣ, 4664 ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо ба субъектҳои хоҷагидор тариқи электронӣ пешниҳод шудаанд. Бо ибораи дигар, бо назардошти ҳамаи мушкилиҳои ҷойдошта, низоми “Равзанаи ягона” бомуваффақият фаъолият карда истодааст.

Мавриди истифода қарор гирифтани низом ва гузариш аз шакли коғазӣ ба электронии мубодилаи ҳуҷҷатҳои расмӣ, қадами навбатӣ барои тақвият бахшидани татбиқи ҳукумати электронӣ, содда ва шаффоф намудани расмиёти марбут ба танзими савдои хориҷӣ ва хизматрасонии давлатӣ маҳсуб ёфта, ба зиёд шудани гардиши тиҷорати хориҷӣ ва беҳсозии фазои соҳибкорӣ, мусоидат мекунад.

Давоми соли 2020 ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба консепсияи «Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ» низ натиҷаи назаррас маҳсуб меёбад, ки дар ҷаласаи имрӯза вобаста ба ин масъала муфассал маълумот пешниҳод мегардад.

Таҳия шудани тафсири Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи корӣ ва моҳи октябри соли ҷорӣ бо забони давлатӣ ва русӣ ба табъ расидани он, ба хотири огаҳӣ пайдо намудани доираи васеи хонандагон ва дастрасӣ доштани шарикони хориҷии кишвар бо муҳтавои қонунгузории гумруки ҷумҳуриамон, ба ҳисоб меравад, ки маҳсули заҳматҳои Хадамоти гумрук мебошад.

Бо назардошти мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба пешниҳоди таҷҳизоти муоинаи гумрукӣ, кӯмаки техникӣ дар самти воситаҳои техникии назорати гумрукӣ бо маблағи зиёда аз 30 млн. доллари амрикоӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст ва бо сабаби пандемияи ҷаҳонӣ васлу насби таҷҳизоти мазкур каме ба таъхир гузошта шудааст.

Инчунин аз ҷониби Ҳукумати Корея пешниҳоди кумакҳои техникӣ ба маблағи 4,5 млн. доллари ИМА, ки ба мукаммалсозии зерсистемаи Идораи таваккали Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона равона гардидааст, кори он дар марҳилаи баанҷомрасӣ қарор дорад.

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ ҷиҳати соддагардонии барасмиятдарории гумрукӣ, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, дастгирии субъетони фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва рушди тиҷорати байналмилалию дохилӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ хоҳад кард.

Ҳамчунин, маърӯзаҳои корманди Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумрук Гулмирзоев Раҷабалӣ дар мавзуи «Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ» ҳамчун падидаи нав дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корманди Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ Зафари Саидқул дар мавзӯи «Муаррифии низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдии пардохтҳои гумрукӣ», пешкаши ҳозирин карда шуд.

Инчунин, намояндаи ширкати “Душанбе Сити”, ки дар амалигардонии ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тариқи терминалҳо бо Хадамоти гумрук ҳамкории зич намуда, давоми соли 2020 ин равандро омода намуданд, баромад намуд ва тариқи рӯнамо тартиби пардохтҳои гумрукиро бо истифода аз терминалҳо нишон дода шуд.

Ҳамзамон, баъзе аз иштирокчиёни ҷаласа, вобаста ба ин мавзӯъ фикру ақидаҳо ва таклифу пешниҳодоти худро иброз намуданд.

Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода А.Ҳ. таклифу пешниҳодҳои аз тарафи иштикорчиён манзургардидаро қобили дастгирӣ шуморида, дар охир аз ҳамкории мутақобила бо иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки ҳамкориҳо дар оянда низ бо мақомоти иҷроия ва аҳли тиҷорат хубтар ба роҳ монда мешавад.

Маврид ба ёдоварист, ки Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук бо мақсади татбиқи банди 14 моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Ҳадафи таъсиси Шуро ҳамчун мақоми ҷамъиятию машваратӣ, пеш аз ҳама дар асоси ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук мусоидат бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкили шароитҳои мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣ мебошад.

Ба ҳайати Шӯро намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дигар мақомотҳои ҳокимияти иҷроия, аҳли тиҷорат ва саноат дохил карда шудаанд.

Шӯро фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Хадамоти гумрук, Низомнома ва регламенти кории Шӯро ба роҳ мемонад.

Тибқи банди 35-и Низомнома дар бораи Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ ҷаласаҳои Шӯро мунтазам гузаронида мешаванд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: