ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мутахассисони кореягӣ гумрукчиёнро ба омӯзиш фаро мегиранд

Як гурӯҳ аз мутахассисону профессорони Ҷумҳурии Корея ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Онҳоро муовини сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Азим Турсунзода ва сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ – Сулҳия Мирзошоева ба ҳузур пазируфтанд. Зимни суханрониҳои хеш Кванг-Рюле Че – менеҷери лоиҳа ва ширкати татбиқкунандаи лоиҳа Nt Robotics ва Юн Инчи – профессор ва намояндаи брокери гумрукии “Хизмати гумрукии Ҷоянг” баромад намуда, изҳори умед карданд, ки тайи чанд муддати дар Тоҷикистон қарор доштанашон кормандони гумрукро бо таҷрибаи хеш ошно хоҳанд кард.

 

Мақсад аз ташрифи онҳо ба омӯзиш фаро гирифтани кормандони Хадамоти гумрук мебошад, ки дар доираи лоиҳаи “Мукаммалсозии низоми идораи таваккал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2019-2021” ба роҳ монда шудааст, ки протокол оид ба татбиқи лоиҳаи мазкур 22 августи соли 2019 ба имзо расидааст. Тибқи ин лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Корея беш аз 3 млн доллари ИМА ё худ 4 млрд вони кореягӣ маблағ ҷудо шудааст ва муҳлати роҳандозии он моҳи августи соли 2019 шурӯъ шуда, то соли 2021- ро дар бар мегирад.

 

Тибқи ин лоиҳа мебоист, кормандони Хадамоти гумрук барои омӯзиш ба Ҷумҳурии Корея фиристода шаванд. Аммо бо сабаби хуруҷи бемории сироятии COVID-19 дар тамоми ҷаҳон, ин имконият даст надод. Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки як қисми курси омӯзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замони васлу насби система дар Хадамот ба роҳ монда шавад.

 

Вобаста ба ин, утоқи алоҳидаи омӯзишиву таълимӣ бо шароитҳои замонавӣ ва технологияҳои навин дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд. Ва як гурӯҳ мутахассисону коршиносон ва профессорони Корея 22 ноябри соли равон ба Хадамоти гумрук ташриф оварданд. Дар назар аст, ки то 5 ноябр мутахассисони Хадамотро ба омӯзиш фаро гиранд.

 

Бояд гуфт, моҳи ноябри соли ҷорӣ бо мақсади татбиқи саривақтии лоиҳаи зикршуда аз ҷониби ширкати пудратчии “Data Word Co., LTD” – и Ҷумҳурии Корея ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизотҳои техникӣ ворид гардиданд, ки алҳол зинаи васлу насби таҷҳизот, система ва фаъолияти санҷишии онҳо бо коршиносони кореягӣ идома дорад.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: